К. Жгенти равобити Душанбеву Тифлисро тақвият бахшиданист

Июнь 3, 2014 15:22

Душанбе, 03.06.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- «Густариши ҳамкориҳои байнипарлумонӣ миёни Тоҷикистон ва Гурҷистон метавонад дар оянда омили муҳим дар таҳкими равобити Душанбе ва Тифлис гардад». Ин матлабро 3 июн Шукурҷон Зуҳуров-раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷараёни мулоқоташ бо Константин Жгенти -сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Гурҷистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт. Шукурҷон Зуҳуров афзуд, ки соли равон аз барқарории муносиботи дипломатӣ миёни Тоҷикистону Гурҷистон 20 сол сипарӣ мегардад. Аммо, мутаассифона, дар ин муддат равобити ду кишвар дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашуда, танҳо се асноди ҳукуқии ҳамкорӣ байни ду кишвар ба имзо расидаанд. Ҳамчунин ҷониби Тоҷикистон чанд созишномаи ҳамкориро таҳия карда, ба ҷониби Гурҷистон барои мувофиқа пешниҳод намудааст ва мо умедвор ҳастем, ки ин созишномаҳо низ аз ҷониби масъулони вазорату идораҳои марбутаи Душанбе ва Тифлис ба имзо расида, ба раванди муносиботи мо такони тозае мебахшанд. Мавсуф афзуд, ки ҳарду ҷониб бояд барои тақвияти муносиботи тарафайн дар шакли дуҷониба ва дар шакли бисёрҷониба талош намоянд. Ҳамзамон Шукурҷон Зуҳуров доир ба нақши Парлумони касбии Тоҷикистон дар рушди равандҳои ҷомеаи Тоҷикистон дахл намуда, гуфт, ки Маҷлиси намояндагон бо таҳия ва қабули қонунҳои ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ шароити муносиби ҳамкорӣ бо кишвар ва созмонҳои хориҷиро фароҳам овардааст. Раиси Парлумони Тоҷикистон таъкид кард, ки алҳол миёни Тоҷикистону Гурҷистон имконоти истифоданашуда хеле зиёданд. Душанбе метавонад бо Тифлис , пеш аз ҳама, дар бахшҳои иқтисод, фарҳанг ва дигар соҳаҳо ҳамкориҳои мутақобиланд судмандро ба роҳ монад, таъкид кард Ш. Зуҳуров. Константин Жгенти-сафири фавқулода ва мухтори Гурҷистон дар Тоҷикистон гуфт, ки ҳамчун сафир ва намояндаи кишвараш дар Тоҷикистон аз тамоми имконот барои тақвияти равобити ҳасанаи Душанбе ва Тифлис истифода хоҳад кард.

Июнь 3, 2014 15:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст