Касбу ҳунар беҳ аз мероси падар

Июнь 5, 2014 10:13

Душанбе,5.06.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Таълими касбии калонсолон дар Тоҷикистон ҳамчун механизми мутобиқсозии қувваҳои корӣ ба талаботи бозори меҳнат нақши муҳим дорад. Бино ба гуфтаи сармутахассиси шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ ва ҷамъиятии дастгоҳи марказии Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Рустамҷон Умаров феълан дар Муассисаи давлатии «Маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон» — и Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандони бекор, корҷўён ва муҳоҷирони меҳнатӣ аз рўи 42 намуд касбу ихтисос ба тайёрии касбӣ, такмили ихтисос, бозомўзӣ ва шаҳодатномакунонии малакаҳои касбӣ фаро гирифта мешаванд.Дар марказ ва филиалҳои он шаҳрвандони бекор, муҳоҷирони меҳнатии эҳтимолӣ ва дигар табақаҳои аҳолӣ забонҳои англисӣ, олмонӣ, русӣ ва инчунин ихтисосҳои ҳисобчии 1 С, кафшергари газу барқ, ошпаз, харрот, дўзандаи либосҳои занона, асалпарвар, боғпарвар, барқчӣ, асосҳои компютер, назоратчии барқ, пешхизмат, сантехник, сохтмончӣ, қаннод, маъмури меҳмонхона, котиба- коргузор, сартарош, рўзгордорӣ, ташхису таъмири мошин, хизматрасонии иҷтимоӣ, устои бомпўш, чўбтарош ва ғайраро аз худ менамоянд. Ҳамчунин барои равнақу ривоҷи корҳои хонагӣ, ҳиссагузорӣ дар паст намудани сатҳи камбизоатӣ миёни занону духтарони деҳот ва рушду эҳёӣ касбҳои қадимаи миллӣ, дар баъзе ноҳияҳои дурдасти кишвар омўзиши касбҳои қуроқдўзӣ, кандакорӣ, чармгарӣ, гилему ҷуроббофӣ, гулдўзӣ, чакандўзӣ, инчунин қолинбофии дастӣ ба роҳ монда шудааст. Таҳсил дар марказ ба таври ройгон ва худмаблағгузорӣ ба роҳ монда шуда, муҳассилин дар таълимгоҳҳои ба таври муосир ҷиҳозонидашуда ба таҳсил ва таҷрибаомўзӣ фаро гирифта мешаванд. Дар айни замон теъдоди умумии марказҳои таълими касбии низоми мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 77 ададро ташкил медиҳад, ки ин марказҳо бо таҷҳизоти муосири таълимӣ, нақша ва барномаҳои ҷадиди таълимӣ пурра таъмин мебошанд.

Июнь 5, 2014 10:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик