Коррупсия- монеаи асосии тараққиёти ҷамъият

Июнь 17, 2014 11:22

Душанбе, 17.06.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- «Коррупсия монеаи асосии тараққиёти ҷамъият» зери чунин унвон дирӯз дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ конфронс доир гардид.
Дар он намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, прокуратураи вилоят, Раёсати корҳои дохилии вилоят, ташкилотҳои байналхалқӣ, аз қабили намояндагии СММ ва САҲА дар вилояти Суғд, рӯзноманигорони дохиливу хориҷӣ ширкат доштанд.
Ҳамчунин муовини аввали раиси вилояти Суғд Ҷумъабой Сангинов зимни суханронӣ аз ҳиссагузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар паст намудани шиддатнокии коррупсия ҳарф зада, баргузории мулоқотҳои озоду шаффофи раиси вилоят ва умуман сохторҳои ин ниҳоди давлатиро бо мардум аз тариқи «Равзанаи ягона»  қадами қатъӣ дар ошкор ва бартарафсозии омилҳои коррупсионӣ номид. 
 

Июнь 17, 2014 11:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад