МОИ «Суғд» масоили ҳамкорӣ бо Эронро муҳокима намуд

Июнь 17, 2014 13:07

Душанбе, 17.06.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло  Тоирӣ). — Дар  ҷараёни  намоишгоҳи  байналмилалии  молу  маҳсулоти  истеҳсолкунандагони  Эрон — «Тоҷикистон — 2014», ки  аз  11  то  17  июни  соли  2014  дар  шаҳри  Хуҷанди  вилояти  Суғд  идома дорад,   намояндагони аҳли  тиҷорати  Эрон  аз  Минтақаи  озоди  иқтисодии  «Суғд» дидор  намуданд.
Мувофиқи  маълумоти  МОИ «Суғд»,   дар  ҷараёни  сафар  мулоқоту  гуфтушунидҳои  соҳибкорони  Эрон  бо  роҳбарият  ва  гурӯҳи  тарҳрезии  стратегии  маъмурият  баргузор  гардид. 
Чанд  рӯз  пеш  менеҷери  бахши  маркетингу   коммуникатсияҳои  маркази илмию  технологии   шаҳри  Хуросони Ҷумҳурии  Исломии  Эрон Алиризо  Нуриён  аз  Минтақаи  озоди  иқтисодии «Суғд» боздид  намуд. 
Дар  ҷараёни  гуфтушунид  роҳбари  маъмурияти  минтақа  Ф.Олимов  меҳмононро  бо  ҳадафҳои  таъсис  додани  МОИ  «Суғд» ва  фаъолияти  ниҳодҳо он  шинос  кард. Мавсуф  ҳамчунин  ба  лоиҳаҳои  сармоягузорӣ, ки  бояд  заминаи  ҷалби  сармояҳои  хориҷӣ,  технологияҳои  муосир  ва бунёди  корхонаҳои муштаракро гузоранд,  таваҷҷӯҳи  хоса  зоҳир  намуд. 
Алиризо  Нуриён   дар  навбати   худ  изҳор  дошт, ки  лоиҳаҳои  сармоягузориро  муфассал  омӯхта,  дар  ҷараёни  таҳқиқ роҳҳои  мусоиду  муваффақонаи  татбиқи онҳоро  муайян  хоҳад  кард. Ба  гуфтаи  меҳмон,  ҳоло  қариб  40  корхонаҳои  Эрон  бо  истифода  аз  хидмати  ӯ  маҳсулоташонро  манзури  бозори  ҷаҳон  мекунанд.
Дар  ҷараёни  мулоқот  ҳамчунин  масоили бунёди  истеҳсолоти   муштарак  барои шинонидани  ниҳолҳои  писта,  коркард,  бастабандӣ  ва  нигаҳдории  писта  ба  манзури  таъмини бозори  дохилии  Тоҷикистон бо  он  ва судури  писта  ба  Федератсияи  Русия  мавриди  муҳокима  қарор   гирифтанд.

Июнь 17, 2014 13:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?