Муҳокимаи масъалаи дастрасии маъюбон ба хидматрасонии нақлиёт
Душанбе, 26.06.2014. (АМИТ «Ховар», Марҳабои Азамат). – 10 сол боз дар Тоҷикистон аҳли ҷамъияти кишвар 8 июл «Рӯзи маъюбон ва кӯҳансолон» — ро таҷлил менамояд. Созмони ҷамъиятии «Иштирок» — и занони маъюб дар арафаи ин санаи фархунда бо ҳамкории Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи «Дастрасии маъюбон ва гурӯҳи камҳаракати аҳолӣ ба инфрасохтори нақлиёт» — ро баргузор намуд.
Дар ин чорабинӣ намояндагони қариб ҳамаи сохторҳои Вазорати нақлиёти ҶТ бо роҳбарии вазири он Хайрулло Асозода ва созмонҳои ҷамъиятии маъюбони ҳамаи минтақаҳои кишвар ширкат доштанд.
Дар ҷараёни мизи мудаввар аз рӯи доираи васеи масоиле, ки диққати шахсони имконияташон маҳдудро ба худ ҷалб менамоянд, мубодилаи афкор барпо гардида, масоили дастрасии ин гурӯҳи шаҳрвандон ба нақлиёти ҷамъияти ва сохтори нақлиёт мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Аз ҷумла, раиси Созмони ҷамъиятии «Имконият» — и маъюбони шаҳри Душанбе Асадулло Зикрихудоев ҳозиронро бо мушкилоти маъюбон дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе шинос карда, пешниҳодҳое ироа намуд, ки метавонанд дастрасии шахсони имкониятҳояшон маҳдудро ба истифодаи нақлиёти хавоӣ беҳтар созанд.
Иштироккунандаи дигари мизи мудаввар, намояндаи Созмони ҷамъияти «Иштирок» Нигина Икромова ба ҳозирон аз паст будани сатҳи фарҳанги ронандагону назоратчиёни нақлиёти ҷамъиятии шаҳр, ки аксаран ҳуқуқҳои шахсони имкониятҳояшон маҳдуд ва имтиёзҳои онро ба назари эътибор нагирифта, баъзан нисбат ба онҳо рафтори дағалона карда, шаъну шарафи маъюбонро паст мезананд, нақл кард.
Намояндагони созмонҳои ҷамъиятии маъюбони вилояти Суғд, ВМКБ ва вилояти Хатлон низ фикрашонро дар бораи мушкилоту душворияшон баён намуданд. Вазири нақлиёти ҶТ Хайрулло Асозода ва роҳбарони шуъбаҳои вазорат ҳамаи пешниҳоди маъюбонро бодиққат шунида ва маъқул ёфтанд.
«Расонидани хидматрасонии хушсифати ҷавобгӯи меъёрҳои байналмилалӣ масъалаест, ки бояд барои иҷрои он саъю кӯшиш карда шавад, гарчи дар ин росто сабабҳои зиёди ҳам беасосу ҳам узрнок низ ҳастанд. Сарфи назар аз ин, мо ҳамаи пешниҳодҳоро баррасӣ намуда, кӯшиш мекунем, ки бо кӯмаки худи шумо онҳоро вақтҳои наздиктарин ҳал намоем», — гуфт вазир Хайрулло Асозода.
Раиси созмони ҷамъиятии «Иштирок» — и занони маъюб Саида Иноятова аз мавқеи роҳбарияти Вазорати нақлиёти ҶТ изҳори қаноатмандӣ карда, чунин гуфт: Мо, намояндагони созмонҳои ҷамъиятии маъюбон умедворем, ки вақтҳои наздиктарин дастрасии ин гурӯҳи аҳолӣ ба хидматрасонии нақлиёт ва инфрасохтори он беҳтар гардида, онҳо барои таҳсилот, хидматрасонии тиббӣ ва пайдо намудани манбаъҳои иловагии зиндагиашон аз шароити беҳтару гуворо бархурдор мешаванд. Ҳамаи ин ба коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатии аҳолӣ мусоидат хоҳад кард».








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






