Муаррифии китобҳои чопи Покистон дар Душанбе

Июнь 9, 2014 11:32

 
        Душанбе, 09.06.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Дар доираи ҳамкориҳои илмию фарҳангии Тоҷикистону Покистон дар Душанбе «Намоишгоҳи китобҳои Покистон» ташкил карда шуд, ки Сафорати Покистон дар Душанбе ва Ҷамъияти  дӯстии «Тоҷикистон -Покистон» созмондиҳандагони ин чорабинии фарҳангӣ буданд.
     Дар маросими ифтитоҳи «Намоишгоҳи китобҳои Покистон» Амҷад Ҳусайн Б. Сиал- Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Кароматулло Олимов- раиси ҷамъяити дӯстии «Тоҷикистон- Покистон» доир ба ҳамкориҳои мутақобилан судманди Душанбе ва Исломобод дар бахшҳои мухталиф, хусусан тавсеаи равобити илмию фарҳангии ду кишвар ибрози назар намуда, баргузории «Намоишгоҳи китобҳои Покистон» дар Душанберо падидаи нек дар таҳкими ҳамкориҳои илмию фарҳангии Тоҷикистону Покистон унвон карданд. Дипломати покистонӣ афзуд, ки тӯли солҳои охир ҳамкориҳои илмию фарҳангии ҳур ду кишвар беш аз пеш густариш меёбанд, иштироки олимону донишмандони ҳар ду кишвар дар конфронсу симпозиумҳое, ки дар Душанбе ва Исломобод доир мегарданд, инчунин чопи асарҳои шоирону нависандагони форсизабони покистонӣ дар Душанбе далели ин гуфтаҳост.
    Дар намоишгоҳ адабиёти гуногуни сиёсию иқтисодӣ, илмию бадеӣ ва фарҳангӣ, ки тӯли солҳои охир дар Покистон бо забонҳои урду, англисӣ ва ҳуруфоти форсию  сирилик мунташир гардидаанд, ба маърази тамошо гузошта шуд. Ҳамзамон дар намоишгоҳ гӯшаҳои махсус марбут ба адабиёти Синд, осори шоири бузурги Покистон  Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ, инчунин гӯшае иборат аз асбобҳои миллии мусиқии Покистон ва китобҳое, ки  санъати мусиқӣ, санъати тасвирӣ ва фарҳанги ин кишварро муаррифӣ месозанд, ташкил гардида буд.

 

Июнь 9, 2014 11:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад