Мулоқоти Қосим Роҳбар бо Янис Дуклавс
Душанбе, 12.06.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Латвия Андрис Берзинш ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе вохӯрии вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосим Роҳбар бо вазири зироати Ҷумҳурии Латвия Янис Дуклавс доир гардид. Зимни вохӯрӣ тарафҳо бештар дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба баҳри рушди соҳаи кишоварзӣ ба масъалаҳои ҳамкориҳо дар соҳаи ташкили Марказҳои машваратӣ барои кишоварзон, чорводорӣ, махсусан фермаҳои комплекси барои парвариши 1000 сар чорво ва истеҳсоли биогаз аз поруи чорво, ҳамкориҳо дар соҳаи моҳипарварӣ, моҳидорӣ ва занбӯриасалпарварӣ, ҳамкориҳо миёни Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон бо Донишгоҳи аграрии Ҷумҳурии Латвия ҷиҳати табодули донишҷӯён ва бозомӯзии мутаххассисони соҳаи кишоварзӣ ва амсоли инҳо таваҷҷуҳ зоҳир карданд. Ба иттилои дафтари матбуоти вазорати кишоварзӣ дар маҷмӯъ вохӯрии мазкур дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ доир гардида, ҷонибҳо омодагии хешро баҳри рушди ҳамкориҳои самарабахши соҳаи кишоварзӣ иброз намуданд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






