Мутахассисони ҷавон ба кор роҳхат мегиранд
Душанбе, 17.06.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Дирӯз тибқи фармоиши Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи тақсимот ва бо ҷои кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров тақсимоти фардии хатмкунандагони зинаи бакалавр ва мутахассиси донишгоҳ баргузор гардид.
Ба иттилои сомонаи расмии вилояти Суғд, ҳамаи хатмкунандагони 13 факултаи ихтисоси омӯзгории донишгоҳ, аз рӯи эҳтиёҷи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба кадрҳои омӯзгорӣ, ба шуъбаи маорифи шаҳру ноҳияҳои вилоят вобаста гардида, ба онҳо роҳхат дода мешавад.
Дар тақсимоти мутахассисон намояндагони Раёсати маорифи вилоят, маъмурияти донишгоҳ ва декани факултаҳо ширкат варзиданд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






