Нашрияи расмӣ дар боби алоҳида зикр шуд

Июнь 5, 2014 11:20

Душанбе, 05.06.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Бори нахуст нашрияи расмии Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар боби алоҳида зикр шудааст,- гуфт зимни баррасии ин лоиҳаи қонуни конститутсионӣ Маҳкам Маҳмудзода -раиси Суди конститутсионии ҷумҳурӣ дар назди вакилони Маҷлиси намояндагон. Мавсуф зикр кард, ки нашрияи расмии Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун фаслнома дар як сол чор маротиба мунташир гардида, фаъолияти Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро инъикос менамояд.  Бояд тазаккур дод, ки дирӯз вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон лоиҳаи қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро дар таҳрири нав қабул намуданд, ки ҳадафаш татбиқи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар кишвар буда, теъдоди моддаҳояш аз 63 ба 85 модда расонида шуд. 10.38.

Июнь 5, 2014 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Рашт оид ба таҳлили вазъ ва омилҳои таҳдиди коррупсия, экстремизм ва терроризм ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
SIM ё eSIM: чаро муштариён кортҳои электрониро интихоб мекунанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид