Нигаронии вазири корҳои дохилӣ аз вазъи ҷиноятҳои ахлоқӣ дар кишвар
Душанбе,06.06.2014.(АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Дирӯз дар назди вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ҷаласаи фаврӣ оид ба пешгирӣ ва ошкор намудани ҷиноятҳои ахлоқӣ, аз қабили фоҳишагарӣ, даллагӣ, занҷаллобӣ ва фасодхонаҳо баргузор гардид. Дар ин бора маркази матбуоти ВКД ҶТ хабар медиҳад.
Дар ҷаласаи фаврӣ муовини вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Солеҳзода Искандар, сардорони раёсату шуъбаҳои дахлдор ва кормандони масъули мубориза бар зидди чунин ҷиноятҳо иштирок намуданд.
Вазири корҳои дохилӣ доир ба масъалаҳои марбут ба ҷиноятҳои ахлоқӣ ва хариду фурӯши одамон бо мақсади истисмори шаҳвонӣ, изҳори нигаронӣ намуда, зикр кард, ки минбаъд тамоми шахсоне, ки бо ҷиноятҳои ахлоқӣ дастгир шуда, дар қайди махсуси Вазорати корҳои дохилӣ, ҳамзамон, ба тариқи электронӣ бо расмҳояшон дар қайд гузошта шаванд.
Вазири корҳои дохилӣ аз зиёд шудани ҷиноятҳои ахлоқӣ дар ҷомеа изҳори ташвиш намуда, аз сардорони раёсату шуъбаҳои дахлдор ва кормандони масъули мубориза бар зидди чунин ҷиноятҳо, қатъиян талаб кард, ки муборизаро бар зидди ҷиноятҳои ахлоқӣ пурзӯр намуда, дар ин самт тадбирҳои мушаххас андешида шаванд. Вобаста ба ин, сардорони шуъбаи мубориза бар зидди ҷиноятҳо ба муқобили обрӯю эътибор ва ахлоқи шахсияти Раёсати кофтукови ҷиноӣ ва шуъбаи мубориза бар зидди хариду фурӯши одамони Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилӣ ба ҷазои сахти интизомӣ кашида шуданд.
Вазири корҳои дохилӣ супориш дод, ки шахсоне, ки ба мақомоти корҳои дохилӣ вобаста ба ҷиноятҳои ахлоқӣ ва кирдорҳои бадахлоқона дастрас мешаванд, барои муайян намудани касалиҳои ҷинсӣ, ба монанди масъунияти норасоии бадан (ВИЧ-СПИД), оташак (сифилис), сӯзок (гонорея) ва бемориҳои ноаён, ки ба воситаи алоқаи ҷинсӣ мегузаранд, аз муоинаи тиббӣ гузаронида шаванд, ҳамзамон изи ангуштони онҳо гирифта шуда, дар қайди махсуси Вазорати корҳои дохилӣ гузошта шаванд.
Ғайр аз ин, вазири корҳои дохилӣ супориш дод, ки дар қаламрави ҷумҳурӣ бо мақсади пешгирӣ, ошкор ва муайян намудани шахсоне, ки ба фоҳишагӣ, даллагӣ, занҷаллобӣ, хариду фурӯши одамон бо мақсади истисмори шаҳвонӣ, ташкил ва нигоҳдории фасодхонаҳо даст мезананд, санҷишҳои махсус гузаронида шаванд.
Вазири корҳои дохилӣ бо мақсади дар оянда мустаҳкам намудани оилаҳои ҷавон, интихоби тарзи ҳаёти солим, пешгирии вайроншавӣ ва ҷудошавии оилаҳо пешниҳод намуд, ки ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироту илова ворид шавад, то ки шаҳрвандон пеш аз оила барпо намудан ба Вазорати корҳои дохилӣ муроҷиат намуда, ҳамсари ояндаи худро аз санҷиш гузаронанд.








Дар Рашт оид ба таҳлили вазъ ва омилҳои таҳдиди коррупсия, экстремизм ва терроризм ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
SIM ё eSIM: чаро муштариён кортҳои электрониро интихоб мекунанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид






