Нигоҳе ба ҳуқуқи волидайн ва фарзанд
Душанбе, 17.06.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Дирӯз дар факултаи физикаю техникаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров маҳфили навбатии «Фарҳанги оиладорӣ» баргузор гардид. Дар маҳфил раиси Шӯрои бонувони донишгоҳ Зулфинисо Раҷабова дар мавзӯи «Нигоҳе ба ҳуқуқи волидайн ва фарзанд аз манзараи ҷаҳони муосир» сухан гуфт.
Сармуаллимаи кафедраи методикаи таълими таърих ва ҳуқуқи донишгоҳ Шафоат Ҳошимова афзуд, ки ақлу идрок, ҷаҳонбинӣ ва фазилати маънавии падару модар аввалин сарчашмаест, ки дар зеҳну шуури кӯдак нақши ҳамешагӣ пайдо мекунад ва нуфузи он дар зиндагии инсон як умр боқӣ мемонад. Дар ин замина мутафаккири бузурги асрҳои миёнаи тоҷик Муҳаммад Ғаззолӣ чунин гуфтааст: «Фарзанд амонат аст дар дасти падару модар ва дили поки фарзанд нафис асту нақшпазир, ҳар нақше, ки ба ӯ гузорӣ, чун мушк ба худ бигирад ва чун замин пок аст, ҳар тухме, ки дар вай бикорӣ, бирӯяд. Агар тухми хайру некӣ аст, ба саодати дину дунё расад ва падару модару муаллим дар он савоб шарик бошанд. Агар тухми бадӣ афканӣ ва ӯро ба ҳолаш гузорӣ, то ҳар чӣ хоҳад, кунад ва бо ҳар кӣ хоҳад, нишинад, ҳаргиз аз вай умеди некӣ накунӣ».
Мавсуф доир ба «Конвенсия дар бораи ҳуқуқи кӯдак» иттилоъ дода, афзуд, ки Тоҷикистон яке аз аввалин ҷумҳуриҳои собиқ иттиҳоди Шӯравӣ мебошад, ки баъди ба даст овардани истиқлолияти миллӣ ҳанӯз соли 1993 ба «Конвенсия дар бораи ҳуқуқи кӯдак» ҳамроҳ шуд. Дар ҳуҷҷати мазкур, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун санади муҳими байналмилалӣ пазируфта шудааст, ҳуқуқҳои асосии кӯдак ва уҳдадориҳои падару модар ва давлат дар бобати дуруст ба роҳ мондани тарбияи кӯдакон зикр гардидаанд.








Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд






