Омӯзиш барои табибон ва ҳуқуқшиносон

Июнь 6, 2014 13:59

 Душанбе, 6.06.2014. (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).-Рӯзҳои  9-12-уми  июни соли равон Институти «Ҷамъияти Кушода» — Бунёди Мадад дар Тоҷикистон бо шарикии Дафтари Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо дар Тоҷикистон ва Маркази ҳуқуқи инсон барои табибони рӯҳшинос, мутахассисони Маркази ҷумҳуриявии ташхиси судии тиббӣ, судяҳо, кормандони додситонӣ ва адвокатҳои ҷумҳурӣ аз рӯи меъёрҳои Протоколи Истанбул омӯзиш мегузаронанд. 
Иштирокчиёни тренинг тӯли чор рӯз ба ду гурӯҳ (табибон ва хуқуқшиносон) ҷудо шуда, бо асосҳои тафтиши далели истифодаи шиканҷа ва ҳамчунин бо меъёрҳои байналхалқии гузаронидани ташхиси судии тибии ҷабрдидаҳои эҳтимолии шиканҷа ва санадсозии далели шиканҷа шинос мешаванд.  
Кормандони Созмони «Табибон барои ҳуқуқи инсон», ки яке аз муаллифону таҳиягарони Протоколи Истанбул мебошанд, дар омӯзиши мазкур вазифаи коршиносонро ба дӯш доранд. Чунин омӯзишҳо қаблан дар Қирғизистон, Қазоқистон ва дар дигар кишварҳои ҷаҳон, ки меъёрҳои Протоколи Истанбул ба қонунашон ворид гардида дар амал истифода мешавад, гузаронида шуданд. 
 
 
 
 

Июнь 6, 2014 13:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст