Омӯзиши ихтисосии муштарак барои ташкилотҳои қарзӣ
Душанбе,18.06.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Бонки миллии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Commerzbank AG (Ҷумҳурии Федеративии Олмон) ҳафтаи гузашта дар мавзӯи Фаъолияти байналмилалии бонкӣ бо иштироки намояндагони ташкилотҳои қарзии ватанӣ ва ташкилотҳои хориҷӣ омӯзиши ихтисосӣ баргузор намуд. Тибқи иттилои хадамоти матбуоти БМТ, омӯзишро раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва Сафири Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ намуданд. Дар омӯзиш доираи васеи мавзӯъҳои фаъолияти бонкӣ, аз ҷумла, амалиёти қарзӣ дар бонкдории байналмилалӣ, фаъолияти созмонҳои молиявӣ ва тарзу услубҳои амалиёти интиқолӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд,. Ҳамоиши васеи мутахассисон дар доираи ҳамкорӣ бо бонки мазкур дар ҷумҳурӣ маротибаи аввал барпо шуда, дар назар аст, ки чунин таҷриба минбаъд низ ба нақша гирифта шавад.








Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик






