Р. Раҷабов: Бигзор Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон ҳамеша бошад

Июнь 24, 2014 09:54

Душанбе, 23.06.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-   Ҳабдаҳ  сол қабл, яъне бисту ҳафтуми июни соли 1997 баъди музокироти бисёр тӯлонӣ ба хотири ҳифзи якпорчагии марзу буми кишвар, таъмини сулҳу субот, сарҷамъии миллат ва зиндагии ороми сокинони мамлакат Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид, ки ин санади муҳим дар таърихи навини халқамон,  аз ҷумлаи асноди сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад.  Дар арафаи ин ҷашни пуршукӯҳ бо сардори Раёсати муносибатҳои меҳнатӣ ва сатҳи зиндагии аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон       Раҷабалӣ  Раҷабов  суҳбат намудем. 
 
-Нигоҳи Шумо ба татбиқи имрўзаи Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ?
-Мо дар арафаи яке аз ҷашнҳои пуршукўҳ ва муқаддаси миллату давлат — Рўзи Ваҳдати миллӣ қарор дорем, ки он бо талошҳои  пайгирона ба даст омадааст.
 Рўзи 27-уми июни соли 1997 — ум санаи муборакест барои миллати куҳанбунёди мо. Рўзест, ки  ҳамаи  тоҷикон ба ҳам омада,  ба сӯи ҳам оғӯши  дўстӣ ва меҳрубонӣ кушода, кинаву адоватро зудуда, дар  дили  хеш  сидқу вафо ва ягонагиро аз нав маъво дод.  
Дар яке аз баромадҳои худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ зикр намуд, ки: «Мову шумо вазифадорем  арзу тўли пешгирифтаамонро ба хубӣ донем, мушкилиҳои мавҷударо муқоисаву таҳлил намоем, усулҳои бартараф намудани ин мушкилотро ҷустуҷў кунем ва мавриди муҳокима қарор диҳем ».
 Бо шарофати татбиқи Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ имрўз мо дар зери осмони софу беғубор  дар шароити   осоиштагӣ зиндагӣ дорем. 
Имрўз, ки мо дар ҷаҳони пур аз мухолифат умр ба сар мебарем, шоҳиди он ҳастем, ки дар бисёр давлатҳои ҷаҳон, аз ҷумла, Афғонистон, Ироқ, Сурия, Фаластин, Сомалӣ,  Намибия, Украина ва дигар давлатҳо оромӣ дида намешавад. Дар ин давлатҳо мардуми бегуноҳ новобаста аз ҷинс ва синн  ҷабр мебинанд, аҳолӣ аз макони зист маҳрум гашта, аз гуруснагӣ ва азобҳои тоқатфарсо ҷон медиҳад. 
 Аз ин лиҳоз, ҳар шаҳрванди тоҷикистонӣ шукргузорӣ аз сиёсати сулҳҷўёнаи Сарвари давлат менамояд.
Баҳри тақвият бахшидани ин раванд хуб мешуд, ки ба масъалаи ҷобаҷогузории  кадрҳои роҳбарикунанда  аз ҳисоби ҷавонони болаёқат новобаста аз маҳал боз ҳам диққати бештар дода шавад. Амалӣ гардидани ин чорабинӣ мардуми Тоҷикистонро боз ҳам муттаҳид намуда, барои пешрафт ва рушди иҷтимоию иқтисодии ватани азизамон мусоидат хоҳад намуд.   
-Ба фикри Шумо бузургтарин дастовардҳои ин санад кадомҳоянд?
-Бузургтарин дастовардҳои ваҳдати   сарнавиштози миллат ин  хотима додан ба ҷанги бародаркуш ва барқарор кардани ҳаёти осоиштаи мардум, аз байн бурдани парокандагӣ ва ба даст овардани ваҳдату якпорчагии миллӣ, бо роҳи мусолиматомез ва гуфтушунид ҳал кардани ҳамаи масъалаҳои мавҷуда, пурра баргардонидани гурезагони иҷборӣ ва аз бенавоию оворагӣ халос кардани ҳамватанон, шароити мусоид фароҳам  додан барои рушди иҷтимоию  иқтисодии мамлакат мебошад. 
  Бояд гуфт, ки пас аз ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ имконият фароҳам гардид, ки  баҳри баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии ҷангзада ҳукумати қонунӣ тадбирҳои мушаххас андешад. Чунки як қисми алоҳидаи аҳолӣ наметавонист ҳатто маводи ниёзи аввалиндараҷаи худро дастрас намояд ва камбизоатӣ хусусияти таҳдидкунандаро гирифта буд. Дар бисёр минтақаҳои ҷумҳурӣ барномаи кумак ва дастгирии ашхоси  ниёзманд вобаста ба шароити моддӣ, синн ва вазъи саломатӣ тартиб дода шуда, аз ҷумла  ба оилаҳои бепарастор додани чорво, тухмӣ, таҷҳизоти кишоварзӣ, мошинҳои  дўзандагӣ, ба роҳ монда шуданд.
Ҳамчунин баҳри  баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ  стратегияҳои паст намудани сатҳи камбизоатӣ қабул ва дар амал татбиқ гардиданд. Тибқи он  ба садҳо    ҳазор оилаҳои камбизоат ҷубронпулӣ барои пардохти қувваи барқу гази табиӣ ва    ба хонандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ   кумакҳои молиявӣ пардохт  гардиданд. 
Амалӣ гардидани  стратегияҳои паст кардани сатҳи камбизотӣ   ва баланд бардоштани некўаҳволии мардуми Тоҷикистон ба мо имкон дод, ки  сатҳи зиндагии аҳолӣ рў ба беҳбудӣ оварда, сатҳи камбизоатӣ  аз 81 фоиз дар соли 1999 то 36,8 фоиз  коҳиш ёбад.
-Ваҳдати миллӣ ба соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ чӣ таъсир гузошт? 
-Маълум аст, ки вазъияти сиёсии муташанниҷ ва задухўрдҳои дохилии шаҳрвандӣ дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ садҳо ҳазор одамонро маҷбур сохт, ки тарки Ватан намуда, ба хориҷи кишвар ва дигар минтақаҳои дохилии ҷумҳурӣ муҳоҷират намоянд. Дар баробари ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар ҷумҳурӣ, аз соли 1997 шурўъ карда, бозгашти муташаккилонаи гурезаҳо, муҳоҷирони иҷборӣ ва ҷобаҷо намудани онҳо дар макони зисти доимиашон, аз тарафи мақомоти дахлдори ҷумҳурӣ суръати тоза пайдо намуд. Аз соли 1993 то ибтидои соли 2000 зиёда аз 946 ҳазору 800 нафар шаҳрванди кишвар ба ҷойи зисти доимӣ баргардонида шуд, ки дар ин кор саҳми Хадамоти муҳоҷирати собиқ Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ низ назаррас мебошад.  
-Таманниёти Шумо дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ ба тоҷикон.
  -Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ   ба  мардуми кишвари мо боварии комилро ба  рушди минбаъдаи  сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ ато  намуд.   Сулҳ бошад, ҳар як шаҳрванд ба зиндагии арзанда  ноил хоҳад гашт. 
  Дар арафаи рўзи Ваҳдати миллӣ бо меҳру муҳаббати зиёд  тамоми сокинони ҷумҳуриро  бо ин иди миллии фаромӯшнопазир табрик ва муборакбод намуда,   ба онҳо саломатии бардавом, умри дарози пурбаракат, хонаи обод, рӯзҳои пурнишоти зиндагониро орзумандам. Бигзор Ваҳдати миллӣ то абад дар Тоҷикистон   ҳукмфармо бошад .
 

Июнь 24, 2014 09:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Конибодом ба хонандагон либосҳои мактабӣ ва ашёи хониш тақдим гардид
Дар Душанбе дар мавзуи «Навсозии Чин» конференсия баргузор гардид
Истиқлоли давлатӣ омили калидии сиёсати муваффақи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ аст
МегаФон Тоҷикистон бурди миллион сомонӣ ва туҳфаҳои дигари олиҷанобро доир менамояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Дар Бохтар ба кӯдакони ятим ва ниёзманд либосҳои мактабию лавозимоти хониш тақдим гардид
Дар палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон бо ҳайати Ҷумҳурии Мардумии Чин мулоқот доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 1,9 миллион либоси мактабӣ истеҳсол карда шудааст
ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ. Дар Гулистон давраи мутобиқшавии хонандагони синфи якум идома дорад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Ҳисор ба кӯдакону наврасони ятим либоси мактабӣ ва ашёи хониш тақдим гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад