Риояи қонуни танзим- риояи танзими зиндагист

Июнь 11, 2014 11:44

Душанбе, 11.06.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Дар “Кохи фарҳанг”-и маркази ноҳияи Рашт — шаҳраки Ғарм чанде қабл семинар — машварати ҷумҳуриявӣ бахшида ба 7-умин солгарди қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии ТоҷикистонТ” бо иштироки кормандони соҳа, раисони ноҳияҳои Рашт, Ҷиргатол, Нуробод, Тоҷикобод, ходимони дин ва фаъолони ноҳияҳои водии Рашт доир гардид. Дар ин семинар раиси Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ Абдураҳим Холиқзода зикр кард, ки аҳолии мамлакат дар ҳафт соли татбиқи қонун бо сарфакорӣ дар раванди гузаронидани ҷашну маросимҳои худ беш аз 10 миллиарду 400 миллион сомонӣ сарфа намудаанд. Ба иловаи раиси Кумита тибқи маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон ҳамасола ҳаҷми афзоиши пасандозҳои аҳолии мамлакат беш аз 20%-ро ташкил медиҳад, ки дар ин самт дар баробари роҳандозӣ гардидани дигар иқдомҳои Ҳукумати кишвар нақши қонуни танзим низ назаррас аст. А. Холиқзода таъкид дошт, ки ҳанӯз ҳам дар соҳа дар баробари дасттовардҳо баъзе мушкилот низ ҷой дорад. Аз ин лиҳоз, пешниҳод гардид, ки дар ин самт кормандони соҳа корҳои фаҳмондадиҳиро миёни ҷомеа ҷонноктар намуда, дар ҳамкорӣ бо ходимони дин дар ин ҷода кор баранд. Мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Дастгоҳи иҷроияи Президент Одинашоҳ Вализода зимни маърӯзаи худ доир ба аҳамияти қонун сухан гуфта, қабули қонуни мазкурро дар ҳаёти мардуми кишвар ҳамчун инқилоби фарҳангӣ маънидод кард. Раиси Маркази исломии кишвар Саидмукаррам Абдуқодирзода ба тасвиб расидани қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳоро дар асоси шариат ва бо назардошти зиндагии воқеии мардуми кишвар арзёбӣ намуд. Мудирони шӯъба ва бахшҳои оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии ВМКБ, Суғду Хатлон, шаҳрҳои Душанбе ва Ваҳдат аз дастовард ва камбудиҳои ҷойдошта дар соҳа сухан гуфтанд ва барои ҳалли мушкилоти мавҷуда пешниҳодот ироа намуданд. 8-уми июн дар қисмати ниҳоии кори семинар-машварат аз ҷониби иштирокчиён ҷиҳати рафъи мушкилоти ҷойдошта, инчунин табодули таҷриба миёни масъулини шаҳру ноҳияҳои кишвар ёддошт ба имзо расид.

Июнь 11, 2014 11:44

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад