Рушди хизматрасониҳои тиббӣ ба модару кӯдак

Июнь 30, 2014 09:23

30.06.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон чанде қабл маросими супоридани таҷҳизоти тиббӣ ба шуъбаҳои таваллудии навоҳии пилотӣ доир гардид. Барои беҳтар муҷаҳазонидани 10 беморхонаи пилотӣ таҳҷизоти базавӣ пешниҳод гардид, ки истифодаи он дар мувофиқат бо гирифтани дониш ва навовариҳо бегуфтугӯ ба беҳтар намудани натиҷа ва паст кардани беморӣ таъсир мерасонад. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти вазорат дар маҷмуъ, дар 10 ноҳияи пилотии бистарикунонӣ 340 дона таҳҷизот ва 7000 намуди таркиби таҷҳизот пешниҳод гардид. Ҳамчунин дар доираи лоиҳа Маркази захиравӣ ба сифати замина барои бетанаффус омода намудани мутахассисони тиббӣ доир ба масъалаҳои нигоҳдории бистарикунонии педиатрӣ таъсис дода мешавад.Зимни маросим сафири Федератсияи Русия дар Тоҷикистон Лякин-Фролов И. С. қайд намуд, ки Русия барои ворид намудани таҷрибаи пешқадам дар расонидани кумакҳои педиатрӣ бурс пешниҳод намуд, ки он аз ҷониби Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ) аз соли 2012 баҳри дастгирии лоиҳа барои беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои педиатрӣ дар кишварҳои алоҳидаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон амалӣ шуда истодааст. «Такмил додан ва беҳтар намудани сифати кумаки тиббӣ барои бачагон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз самтҳои асосӣ дар доираи мустаҳкамкунӣ, рушди устувори системаи тандурустӣ ва расидан ба хадафхои рушди хазорсола мебошад. ТУТ дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дигар ҳамкрон оид ба рушд ҳамкориро дар ин cоҳа идома медиҳад»- изҳор дошт роҳбари Намояндагии ТУТ дар Тоҷикистон Доктор Павел Урсу. Муовини аввали вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Лола Бобоҳоҷиева аз сафорати Русия ва намояндагии ТУТ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгириву кумакашон, ба хусус дар самти ҳифзи сиҳатии модару кӯдак изҳори сипор намуд.

Июнь 30, 2014 09:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик