Самти фаъолият- рушди деҳот ва дастгирии соҳибкорон
Душанбе, 02.06.2014. (АМИТ «Ховар, Мавҷуда Анварӣ). — Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ директори кишварии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон Норимаса Шимомураро ба ҳузур пазируфт.Дар мулоқот масоили ҳамкории ҷонибҳо ва тавсеаи он дар оянда мавриди баррасӣ қарор гирифт. Раиси вилоят аз ҳамкориҳои судманди тарафҳо изҳори хушҳолӣ намуда, зикр дошт, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар оянда низ бо ин созмон робитаҳои хуби ҳамкориро ба роҳ мемонад. Иттилоъ дода шуд, ки самти асосии фаъолияти Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон- ин беҳтар намудани сатҳи зиндагонии шаҳрвандон ва ба ин васила коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ, боло бардоштани фаъолияти хусусӣ ва тиҷорат, рушди деҳот, дастгирии ассотсиатсияи соҳибкорон ба ҳисоб меравад.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






