«Саройкамар» — пешсафи лигаи якум

Июнь 26, 2014 11:29

Душанбе, 26.06.2014. (АМИТ «Ховар», Пайрави  Қосим). – Баъди анҷоми  нимаи  аввали мавсими  мусобиқоти  лигаи якум  оид ба  футбол  дастаи  «Саройкамар» дар сафи  аввали  ҷадвали  мусобиқот қарор  дорад.  Футболбозони  ноҳияи  Панҷ дар  вохӯрии охирини  худ  дастаи «Хулбук» — ро  бо  ҳисоби 2:0  мағлуб  сохтанд.
Тавре  ки  аз  Федератсияи  футболи  Тоҷикистон  хабар  доданд,  дастаи  «Кӯктош»  дар  ҷойи  дуввум  қарор  дорад. Футболбозони  дастаи «Кӯктош» — и  ноҳияи  Рӯдакӣ  бо  ҳисоби 1:0  дастаи  «Чашма» — и  Шаҳритусро  мағлуб  сохтанд.
Дастаи  «Пахтакор» — и  Қубодиён  дар  мавсими  соли  ҷорӣ ғалабаи  дуввумро ба даст  овард. Футболбозони  «Пахтакор»  дар  майдони  худ  дастаи «Нури  Норак» — ро  бо  ҳисоби  2:0  мағлуб  сохтанд.
Дастаи  «Панҷшер» -и  ноҳияи  Ҷалолиддини  Румӣ, ки бояд  бо  дастаи «Ҳосилот» — и   «Фархор»  қувваозмоӣ  менамуд,  бе  ягон  сабаби  узрнок  дар  майдон ҳозир нашуд  ва  бо  ҳисоби  0:3  мағлуб   дониста  шуд.

Июнь 26, 2014 11:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе