Шумораи муҳоҷирон дар Суғд 14 ҳазор нафар кам шудааст

Июнь 5, 2014 12:00

Душанбе, 5.06.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).-Шумораи муҳоҷирон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта дар вилояти Суғд 14 ҳазор нафар кам шудааст.
Зимни ҷамъбасти фаъолияти Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд зикр шуд, ки як миқдори ками онҳо муҳоҷирони меҳнатие ҳастанд, ки барояшон муваққатан воридшавӣ ба қаламрави Федератсияи Русия манъ гардидааст. Сабаби аз муҳоҷират даст кашидани аксари шаҳрвандон дар ҳудуди вилоят бо ҷои кор таъмин шудани онҳо мебошад.
Гуфта мешавад, ки аз оғози соли равон дар асоси дастуру супоришҳои раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ таҷдиди сохторӣ гузаронида, замин дар байни саҳмдорон тақсим шуд. Ҳамчунин дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо ҳунарҳои мардумӣ аз нав эҳё шуда истодааст, ки ҳамаи ин тадбирҳо боиси фароҳам омадани ҷойҳои нави корӣ шуданд.

Июнь 5, 2014 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад