Соли 2013 164 ноболиғ аз озодӣ маҳрум шуд
Душанбе, 17.06.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Бобати таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат, ки зимни вохӯрӣ бо ҷавонон ва намояндагони аҳли ҷомеаи мамлакат баён гардиданд, инчунин татбиқи қонунҳои ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар ҶТ» 16 июни соли ҷорӣ ҳайати кормандони Шӯрои адлияи кишвар бо донишҷўён ва омӯзгорони Донишгоҳи аграрии ҶТ вохӯрданд.
Мақсад аз мулоқот бори дигар рӯ овардан ба мушкилиҳои ҷойдоштаи ҷомеаи ҷавонон, алалхусус даст задани ноболиғон ва ҷавонон ба ҷиноят, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, кирдорҳои ҷинояткорона ва пешгирӣ намудани онҳо арзёбӣ гардид.
Кормандони Шӯрои адлия дар назди донишҷӯён зикр карданд, ки имрӯзҳо бештар аз ҷониби ноболиғон ва ҷавонон ҷиноятҳо, аз қабили қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, одамкушӣ, ғайриқонунӣ сохтани яроқ, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ ва истифодаи воситаҳои нақлиёт, авбошӣ, дуздӣ, қаллобӣ, ғоратгарӣ, роҳзанӣ, ғайриқонунӣ идора кардани мошин ё дигар воситаҳои нақлиёт содир мешаванд. Боиси таассуф аст, ки дар соли 2011 нисбат ба 118 ноболиғ, соли 2012 нисбат ба 146, дар соли 2013 нисбат ба 164 ноболиғ ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ таъйин гардид.
Кормандони Шӯрои адлия дар назди донишҷӯён изҳор намуданд, ки танҳо дар якҷоягӣ метавон бо ҷинояткорӣ мубориза бурд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» Маҳбуба Сафарова, сардори раёсати судҳои дастгоҳи Шӯрои адлия хабар дод.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






