Суғд: 100 ҳазор сомонӣ барои бунёди мактаби нав
Душанбе, 02.06.2014. (АМИТ «Ховар, Мавҷуда Анварӣ). — Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ зимни сафар ба ноҳияи Ҷаббор Расулов дар мактаби рақами 19-уми ҷамоати Ғӯлакандоз ба бунёди бинои нави таълимӣ санги асос гузошт. Иншооти мазкур аз ду ошёна ва 17 синфхона иборат буда, барои таҳсили 400 нафар хонанда пешбинӣ шудааст. Бинои нави таълимӣ ба тариқи ҳашар бунёд хоҳад шуд. Бо назардошти ташаббуси созандаи аҳли маҳал раиси вилоят ба сокинон барои оғози чунин кори нек изҳори сипос намуда, зикр дошт, ки барои вусъати корҳои сохтмонӣ аз ҳисоби буҷаи вилоят 100 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардида, пас аз мавриди истифода қарор гирифтан, мактаб пурра бо мизу курсӣ ва таҷҳизоти хониш бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят таъмин мешавад.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






