Суғд: Ғарқшавии се тан дар як ҳафта

Июнь 5, 2014 13:10

Хуҷанд, 5.06.2014. (АМИТ «Ховар», Абдуаҳад  Шарифзода).-Дар минтақаҳои кишвар мавсими оббозӣ оғоз гашт. Дар обутобгоҳҳои шимоли кишвар ин мавсим имсол аз 25 май оғоз ёфт. Тавре ки масъули ситод оид ба ҳолатҳои фавкулодаи шаҳри Хуҷанд Ғолиб Шарипов иттилоъ дод,  дар мавсими имсола, дар муддати як ҳафта дар вилоят  аллакай се талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта шуд. 
Ин ҳодисаҳо дар шаҳрҳои Хуҷанд, Қайроққум ва Исфара рух додаанд. Ба гуфти манбаъ, сабаби асосии ин ҳолат- надонистани қоидаҳои оддитарини шиноварӣ мебошад. 
Дар ҳамин ҳолат, чанде пеш ба наҷотдиҳандагони ситоди мазкур муяссар гардид, ки як тан наврас, хонандаи шаҳри Истаравшанро, зимни оббозӣ дар дарёи Сир аз ғарқшавӣ наҷот диҳанд. 
 
 
 

Июнь 5, 2014 13:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе