Таҳияи гузориш дар бораи вазъи иҷтимоию иқтисодии ҶТ
Душанбе, 20.06.2014. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмӯаи ҳармоҳа дар бораи вазъи иҷтимоию иқтисодии кишварро рӯи чоп овард.
Дар маҷмӯа нишондодҳои асосии иҷтимоию иқтисодӣ тайи моҳҳои соли ҷорӣ ва соли гузашта оварда шудаанд. Агентӣ гузоришро дар асоси маълумоти мақомоти омори давлатӣ ва вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия намуда, дар он дар бораи соҳаҳои муҳимтарини истеҳсолот, нақлиёту алоқа, равобити иқтисодии хориҷӣ, бозори истеъмолӣ, нархгузорӣ, молия, бозори меҳнат ва сатҳи зиндагии аҳолӣ муфассал маълумот дода мешавад.
Дар ин бора аз Агентии омори назди Президенти ҶТ хабар дода мешавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе






