Таъмини корҳои мавсимӣ ба муҳочирони меҳнатии Спитамен
Душанбе,12.06.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар ҳамкорӣ бо ҶДММ «Умури меҳнати ихтиёрии ҷавонон» ҷиҳати таъмин намудани муҳоҷирони меҳнатӣ бо ҷойи кор дар хориҷи кишвар мусоидат мекунанд. Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷират аз рӯи нақша дар доираи ҳамкории Раёсат бо субъекти хоҷагидор санаи 11 июни соли равон 27 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ ба Федератсияи Русия сафарбар карда шуданд. Бино ба гуфти сардори ҶДММ «Умури меҳнати ихтиёрии ҷавонон» ҳамаи сафарбаршавандагон сокинони ноҳияи Спитамен мебошанд. Дар асоси шартномаи басташуда онҳо ба муҳлати 11 моҳ дар ноҳияи Дмитровскийи вилояти Москва ба корҳои мавсимӣ машғул мешаванд. Аз ҷониби ҶДММ «Умури меҳнати ихтиёрии ҷавонон» ва ширкатҳои кордиҳандаи Федератсияи Русия ба муҳоҷирон сафари бехатар, ҳимояи ҳуқуқҳои онҳо, ҷойи хоб, истироҳат ва маоши хуб кафолат дода шудааст. Ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои онҳо аз сўи субъекти хоҷагидор анҷом дода мешавад.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






