В. Матвиенко: «Русия Тоҷикистонро дар тамоми сатҳҳо ҷонибдорӣ менамояд»

Июнь 18, 2014 10:42

Душанбе, 18.06.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Тақвияти дурнамои ҳамкориҳои гуногунсоҳа, хусусан парлумонии Тоҷикистону Русия дар меҳвари мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров-раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Валентина Матвиенко-раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия қарор дошт. Мусоҳибон дар ҷараёни мулоқот масоили марбут ба таҳкими равобити ҳасанаи Душанбе ва Маскав дар бахшҳои иқтисодию тиҷоратӣ, илмию фарҳангӣ ва ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро дар Русия матраҳ намуданд. Зикр шуд, ки баргузории як силсила чорабиниҳои илмию фарҳангӣ, аз ҷумла Рӯзҳои фарҳанги Русия дар Тоҷикистон, намоишгоҳи сеюми «Маорифи Русия — 2014» дар Душанбе, сафари ҳайати тоҷикистонӣ таҳти роҳбарии Раҳмоналӣ Амирзода -раиси шаҳри Ваҳдат аз Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград, инчунин ба имзо расонидани созишномаҳои ҳамкорӣ ҷиҳати бунёди корхонаҳои муштарак далели тавсеаи равобити гуногунсоҳаи Тоҷикистону Русия аст. Шукурҷон Зуҳуров афзуд, ки барои густариши равобити судманди Душанбею Маскав афроди масъул, хусусан роҳбарони парлумонҳои ҳарду кишвар саъю талош намуда, муҳити иттилоърасониро бо фаъолиятҳои муштарак ва ташаббусҳоямон бояд комил намоем. Валентина Матвиенко -раиси Шӯрои Федератсияи Русия сафари расмии Шукурҷон Зуҳуров-раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маскав ва мулоқоти ӯ бо ҳайати парлумонии Русияро барои таҳкими ҳамкориҳои парлумонии ҳарду кишвар муҳим арзёбӣ намуд. Мавсуф афзуд, ки Русия Тоҷикистонро шарики асосӣ ва стратегии худ дар минтақа медонад.Валентина Матвиенко таъкид кард, ки вақти он расидааст, ки мо бояд бештар ба ҳамкориҳои иқтисодии байни кишварҳоямон диққати ҷиддӣ диҳем. Зикр шуд, ки Ҳукумат ва Парулмони Русия омода аст Тоҷикистонро дар ҳама сатҳҳо ҷонибдорӣ намояд. Русия,- таъкид кард В. Матвиенко,- алоқаманди густариши муносиботи парлумонӣ бо Парлумони Тоҷикистон ҳаст ва сафари расмии ҳайати парлумонии Тоҷикистон ба Маскав ҷиҳати амалӣ намудани ниятҳоямон ва ҳалли баъзе мушкилот мусоидат хоҳад кард.

Июнь 18, 2014 10:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бохтар ба кӯдакони ятим ва ниёзманд либосҳои мактабию лавозимоти хониш тақдим гардид
Дар палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон бо ҳайати Ҷумҳурии Мардумии Чин мулоқот доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 1,9 миллион либоси мактабӣ истеҳсол карда шудааст
ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ. Дар Гулистон давраи мутобиқшавии хонандагони синфи якум идома дорад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Ҳисор ба кӯдакону наврасони ятим либоси мактабӣ ва ашёи хониш тақдим гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар пиряхҳои Помири Шарқӣ ва Марказӣ таҳқиқоти илмӣ-саҳроӣ гузаронида шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
«АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ доир ба корнамоиҳои беназири Президенти Тоҷикистон ба нашр расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад