Ваҳдати миллӣ ва нақши он дар ҳаёти ҷавонон

Июнь 26, 2014 15:16

Душанбе, 26.06.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- Дирӯз дар Академияи Вазорати корҳои дохилӣ бахшида ба 17-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҳти унвони «Ваҳдати миллӣ ва нақши он дар ҳаёти ҷавонон» семинари илмӣ-амалӣ баргузор гардид.
Тавре ки ВКД ҶТ хабар медиҳад, дар семинар муовини сардори Академияи ВКД полковники милитсия Сайдаҳмад Нарзуллоев доир ба истиқрори сулҳ ва Ваҳдати миллӣ дар кишвар сухан гуфта, нақши Ваҳдатро дар ҳаёти ҷавонони имрӯз муассир арзёбӣ кард. Ҳамчунин аз саҳми кормандони милитсия дар барқарорсозии сохти конститутсионӣ, истиқрори сулҳ ва Ваҳдати миллӣ ёдовар шуда, зикр кард, ки кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ҳамеша дар сафи пеши мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, риояи волоияти қонун, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон қарор дошта, дар барқарор намудани сулҳу субот дар ҷомеа нақши назаррас мегузоранд.
Зикр намудан ба маврид аст, ки семинари мазкур бо ташаббуси Академияи Вазорати корҳои дохилӣ дар ҳамбастагӣ бо бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Шоҳмансур доир гардида, мақсад аз баргузории чунин чорабинӣ тақвияти ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ, бедор намудани ифтихори ватандорӣ, ҷалби ҷавонон ба донишандӯзиву эҳтироми муқаддасоти Ватан, арҷгузорӣ ба таъриху тамаддун ва фарҳанги волои миллати тоҷик, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи инсондӯстӣ, якдилӣ, якмаромӣ, баробариву бародарӣ ва сулҳу Ваҳдати миллӣ иборат буд.
Истиқболи ин ҷашни таърихӣ дар дигар ҷузъу томҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар сатҳи зарурӣ ҷараён дорад.

Июнь 26, 2014 15:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд