Зуҳуров аз Наришкин таъмини ҳуқуқҳои муҳоҷиронро тақозо кард
Душанбе, 19.06.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Бо дахли масоили марбут ба таъмини ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Русия Шукурҷон Зуҳуров-раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳамтои русаш Сергей Наришкин -раиси Думаи давлатии Русия хоҳиш намудааст, ки нисбат ба ин масъала аҳамияти махсус зоҳир намояд. Ш. Зуҳуров бо дахли лоиҳаи Созишнома оид ба суғуртаи иҷтимоӣ ва таъмини нафақаи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Русия гуфтааст, ки намунаи аввалини ин санад ҳанӯз соли 2007 пешниҳод шуд. Таъкид гардид, ки дар ин раванд ҳам дар баромадҳои ҷониби Тоҷикистон ва ҳам Русия, таҳлилгарон ва коршиносон ҳамеша аз маблағҳое мисли «миллиардҳо $», ки муҳоҷирон ба кишвари худ интиқол медиҳанд, ёдоварӣ мекунанд. Аммо ҷанбаи дигари кор рӯйпуш гардида, ё ба назар гирифта намешавад. То ҷое мусаллам аст, музди моҳона ҷузъи муайяни корҳо ва хидматрасониҳоро ташкил медиҳад. Тибқи ҳисоботи иқтисодӣ, муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон дар соли 2013 дар ҳаҷми 30 миллиард $ дар қаламрави Русия кор кардаанд. Аз ҳаҷми маблағҳои интиқолёфта, мумкин аст, тақрибан ҳисоби иҷтимоӣ дар асоси фонди Русия ҳисоб карда шавад, ки ин тартиб 1,5 миллиард $-ро ташкил медиҳад. Аммо, муҳоҷирон аз лиҳози иҷтимоӣ, бахусус дар айёми пиронсолӣ беҳимоя мемонанд. Шаҳрвандоне, ки муваққатан дар қаламрави Русия кору зиндагӣ мекунанд, дар ин ҷо ҳуқуқи гирифтани нафақаро надоранд, дар Тоҷикистон танҳо ба нафақаи иҷтимоӣ ҳаққи даъво карданро доранду халос. «Хуб мешуд, ки дар лоиҳаи Созишнома тартиби ҳисоб ё санҷишҳои муштараки ин навъи пардохти маблағ бознигарӣ шавад, хусусан, бо роҳи гузаронидани як қисми ин маблағҳо ба фондҳои нафақа», таъкид кард. Ш. Зуҳуров.
Раиси палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон афзуд, ки қабули Созишномаи мазкур ба коҳиши муҳоҷирати ғайриқонунӣ мусоидат хоҳад намуд. Ҳамзамон дар ҷараёни мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров ва Сергей Наришкин лоиҳаи Созишнома оид ба интихоби муҳоҷирони меҳнатӣ — шаҳрвандони Тоҷикистон барои кор дар қаламрави Русия баррасӣ шуд. Зикр гардид, ки Русия нусхаи ниҳоии ин санадро ба ҷониби Тоҷикистон ирсол намудааст ва дар қарорҳои Комиссияи байниҳукуматӣ барои гузаронидани тартиби дохилидавлатӣ ҷиҳати мувофиқакунонӣ ва имзогузорӣ тавсия шудааст. Сергей Наришкин -раиси Думаи давлатии Русия дар иртибот ба пешниҳодҳои ҳамтои тоҷикаш- Шукурҷон Зуҳуров дар мавриди ҳифзи ҳуқуқҳои иҷтимоии муҳоҷирони тоҷик дар Русия гуфтааст, ки мо ҳатман бо истифода аз имконоте, ки дар даст дорем, барои ҳалли ин масъалаҳо расидагӣ хоҳем кард.10.52.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






