5000 — $ барои озодӣ
Душанбе, 17.07.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- Тавре ки ВКД ҶТ иттилоъ медиҳад, зимни гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони Шӯъбаи ВКД дар ноҳияи Панҷакент муайян гардид, ки шаҳрвандон Ҷӯрабек Азимов соли таваллудаш 1973, Исмат Азимов соли таваллудаш 1993, Бахтиёр Кулиев соли таваллудаш 1974 ва Шараф Кулиев соли таваллудаш 1984 сокинони ноҳияи Панҷакент, бо мақсади ғайриқонунӣ маҳрум кардан аз озодӣ шаҳрванд Сайёд Боқиев соли таваллудаш 1988 сокини ноҳияи Айниро аз сабаби муносибати ошиқона доштан бо хоҳари яке аз онҳо, ӯро рӯзи 13 июли соли ҷорӣ, соати 01:00-дақиқа дар устохонаи назди ҳавлии Б. Кулиев нигоҳ дошта, аз хешовандони С. Боқиев барои озод намуданаш 5000-доллари амрикоӣ талаб намудаанд.Манбаъ хабар медиҳад, ки ҳангоми гирифтани маблағи пулии 2000-доллари амрикоӣ шаҳрвандон Ҷ. Азимов, И. Азимов, Б. Кулиев ва Ш. Кулиев дастгир шуда, аз онҳо далели шайъӣ гирифта шуд.Нисбат ба ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






