Барқияи тасаллият ба Президенти Гурҷистон Георгий Маргвелашвили
Душанбе, 08.07.2014 (АМИТ «Ховар»).- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Гурҷистон Георгий Маргвелашвили барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла омадааст:«Ҷаноби Олӣ,Аз хабари марги собиқ Президенти Гурҷистон Эдуард Шеварднадзе хеле андӯҳгин гаштам.Ҳарчанд таърих чандин пурпечутобҳои зиндагиро пеш оварда бошад ҳам, Эдуард Шеварднадзе дар он ҳамчун як чеҳраи барҷаста, арбоби сиёсии муосири ҳамон давра боқӣ мемонад. Хизматҳои марҳум аз ҷониби халқи Гурҷистон қадр гардидаанд, зеро ӯ дар ин кишвар, замоне роҳбарӣ мекард, ки дар он давра марҳилаи хеле вазнин буд. Дар ин лаҳзаҳои андӯҳгин аз Шумо ҷаноби Президент хоҳишмандам, ки ҳамдардии самимии маро ба мардуми Гурҷистон ва наздикону пайвандони марҳум бирасонед».








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






