Баррасии ҳамкориҳои самарабахш бо БРСММ
Душанбе, 30.07.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Вазири рушди иқтисод ва савдо Шариф Раҳимзода бо Намояндаи доимии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон Александр Зуев дирӯз мулоқот кард.Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои мухталифи ҳамкориҳои самарабахш миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи рушди СММ, аз ҷумла гузаронидани шарҳи Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2015, омодагӣ гирифтан барои таҳияи Стратегияи нави миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва идома додани таҳияи барномаҳои рушди шаҳру ноҳияҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Бояд зикр намуд, ки бо дастгирии Барномаи рушди СММ аз соли 2008 инҷониб дар зиёда аз 33 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барномаҳои рушди маҳал таҳия ва мавриди амал қарор гирифтанд, ки барои муайян намудани самтҳои афзалиятноки рушди минтақаҳо замина бахшид. Айни замон дар 8 ноҳияи дигари ҷумҳурӣ ин гуна барномаҳо таҳия карда мешаванд. Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо ҷиҳати минбаъд густариш додани ҳамкориҳои дуҷониба миёни Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва Барномаи рушди СММ омодагии худро баён доштанд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» сардори маркази матбуоти вазорати мазкур Нуралӣ Шоқурбонов иттилоъ дод.








Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд






