Фаъолияти банкоматҳо ва тарзи дурусти истифодаи кортҳо
Душанбе, 16.07.2014.(АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Соли 2003 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон якумин банкомат фаъолияти худро оғоз намуд. Аввалин кортҳои пардохтии бонкӣ ва терминалҳо барои гирифтани маблағ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1998 ҳангоми ба низоми пардохтии “СТБ КАРТ”- и Русия дохил шудани ҶСК “Агроинвестбонк” пайдо гардиданд. Аввалин корти низоми пардохтии байналмилалии VISA дар соли 2000 бароварда шуд. Тибқи маълумоти фаврӣ ба санаи 1 июли соли 2014 аҳолии аз назари иқтисодӣ фаъол зиёда аз 2 млн нафар мебошанд, ки аз ин шумора 870 ҳазору 139 нафарро дорандагони кортҳои пардохтии бонкӣ ташкил менамояд ва ин нишондод 38,2% баробар аст. Оид ба фаъолияти банкоматҳо ва тарзи дурусти кортҳо хабарнигори АМИТ «Ховар» Лайло Тоирӣ бо котиби Хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон Абдуғаффор Қурбонов суҳбат намуд.Муштариёне, ки аз ин хизматрасонӣ истифода мебаранд, бо кадом мушкилот ба Шумо муроҷиат менамоянд? -21 декабри соли 2012 дар Бонки миллии Тоҷикистон марказитамос “Телефони боварӣ” ташкил карда шуд, ки тавассути он шаҳрвандон метавонанд оид ба масъалаҳои марбут ба низоми бонкӣ бо арзи худ муроҷиат намоянд. Таҳлил нишон дод, ки арзи шаҳрвандон асосан бо мушкилоти шабакаи терминалӣ (банкоматҳо, терминалҳои пардохтӣ) вобаста мебошанд.Дар соли 2013 ва 6 моҳи соли ҷорӣ чӣ қадар шикоят ба Шумо ирсол гардид? -Дар давоми соли 2013 аз шаҳрвандон 96 шикоят ва дархост ворид гардид, ки 83 – тои он ба фаъолияти банкоматҳо ва терминалҳои пардохтӣ вобаста мебошад. Дар давоми 5 моҳи соли ҷорӣ 23 шикоят ва дархост ворид гардид, ки аз онҳо 15-тоаш ба фаъолияти банкоматҳо ва терминалҳои пардохтӣ вобаста мебошад.Арзу шикоятҳои шаҳрвандон баъди чанд муддат мавриди иҷроиш қарор мегирад? — Ҳангоми бақайдгирии шикоят ва дархости муштарӣ корманди масъули Бонки миллии Тоҷикистон онро ба Хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон, инчунин ба ташкилоти қарзие, ки ин шикоят дахл дорад, барои аниқ намудани сабаб ва бартараф намудани камбудӣ ирсол менамояд. Вобаста ба шикоят ва дархости воридгардида аниқ намудани сабаб ва бартараф намудани камбудӣ тибқи таҷриба дар давоми як рӯз амалӣ мегардад. Бисёр муштариён шикоят доранд, ки банкомат пули арзишаш хурдро намедиҳад, ин мушкилот ҳалшаванда аст?- Дар аксарияти банкоматҳои ҳудуди кишвар 4 қуттии фаъолияткунанда барои ҷойгиркунии банкнотаҳои номиналашон гуногун мавҷуд мебошад. Бинобар ин банкомат маблағҳоро танҳо дар 4 номинал, аз он ҷумла бо асъори хориҷӣ дода метавонад. Ҳангоми пур намудани қуттиҳои мазкур бо пулҳои номиналашон хурд эҳтимолияти тез тамом шудани маблағ дар банкомат зиёд мегардад, ки ба норозигии муштариён оварда мерасонад. Дар ин ҳолат ташкилотҳои қарзӣ аз рӯи таҷрибаи ҷойдошта қуттиҳоро бо банкнотаҳое, ки нисбати онҳо талабот зиёд аст, пур менамоянд.Ҳолатҳое мешаванд, ки муштарӣ баъди гирифтани пул гирифтани кортро фаромӯш карда меравад. Дар чунин ҳолат чӣ бояд кард? — Ҳангоми фаромӯш шудани корти пардохтии бонкӣ дар банкомат, пас аз вақти муайян (20-25 сония) банкомат кортро ҳамчун корти фаромӯшшуда мегирад. Дар ин ҳолат муштарӣ бояд ба ташкилоти қарзие, ки банкомат ба он мансуб мебошад муроҷиат намуда (тавассути телефон низ мумкин аст) оид ба масъалаи ҷойдошта хабар диҳад ва мушаххасоти худро барои тамос пешниҳод намояд. Пас аз гирифта шудани корти пардохтии бонкӣ аз банкомат аз ҷониби кормандони хизматрасони бонк (асосан дар давоми 1 ё 2 рӯз) муштарӣ хабардор карда шуда, сипас корти пардохтӣ ба соҳибаш баргардонида мешавад.Корти пардохтии бонкӣ танҳо ба шахсе баргардонида мешавад, ки ному насаби ӯ дар корт дарҷ гардидааст.Дар кадом ҳолатҳо банкомат кортро намедиҳад? — Банкомат пас аз гузаштани 25 сония, ҳангоми аз ҷониби муштарӣ фаромуш шудани корт, ҳангоми қабули огоҳинома аз дорандаи корт дар бораи гум кардан, дуздидан ё истифодаи беиҷозат корти пардохтиро мегирад. Дар ҳолати якчанд маротиба нодуруст ҳуруфчинӣ намудани ПИН –рамз банкомат фаъолияти кортро боздошт намуда, кортро ба муштарӣ бармегардонад.Аксаран мушкилот бо банкоматҳо дар ноҳияҳои дурдаст рух медиҳад. Дар ин самт бо аҳолӣ чӣ гуна корҳо анҷом дода мешаванд ва ин мушкилот чӣ тавр роҳи ҳалли худро меёбад? — Банкомат асбоби техникию барномавии мураккаб буда, хизматрасонии босифат, гузаронидани корҳои санҷишӣ ва мураттабсозӣ, инчунин таъмини муттасил ва хушсифати қувваи барқро талаб менамояд. Дар минтақаҳои дурдаст иҷро намудани талаботҳои зерин на ҳама вақт имконпазир мебошад. Бо вуҷуди ин ташкилотҳои қарзӣ барои таъмини босуботи қувваи барқ ва алоқа таҷҳизоти иловагӣ насб менамоянд ва дар реҷаи вақти воқеӣ ҳолати техникии банкоматҳоро мониторинг менамоянд. Дар аксарияти ташкилотҳои қарзӣ барои дастгирии коршоямии банкоматҳо хадамотҳои фаврӣ техникӣ ва инкассатсионӣ ташкил карда шудаанд. Мутаассифона то ба назди банкомат рафта расидани хадамотҳои мазкур дар минтақаҳои дурдаст вақти муайянро талаб менамояд.Бояд зикр намуд, ки ҳолатҳои бекор истодани банкоматҳо дар натиҷаи истифодабарии нодурусти онҳо аз ҷониби аҳолӣ ҳангоми ба банкомат ворид намудани ҷисмҳои бегона низ дида мешавад. Татбиқи эквайринги тиҷоратӣ дар ҷумҳурӣ чи тавр ба роҳ монда шудааст? — Ташкилотҳои қарзӣ доимо дар самти рушди эквайринги савдо корҳои зиёдеро иҷро менамоянд. Дар марҳилаи аввали рушди технологияҳои кортӣ, муассисаҳои савдо аз насби таҷҳизоте, ки кортҳои пардохтиро барои хизматрасонӣ қабул менамоянд, бинобар сабаби аз мақомоти назоратӣ пинҳон намудани гардишҳои маблағҳои худ, меҳаросиданд. Инчунин ҳолатҳое мавҷуд буданд, ки як зумра муассисаҳои савдо аз он ҷумла супермаркетҳо суратҳисоби бонкӣ надоштанд, ки ин низ имконияти насби таҷҳизоти терминалиро маҳдуд менамуд. Дар айни замон бинобар зиёд гардидани дорандагони кортҳои пардохтии бонкӣ ташкилотҳои қарзӣ шумораи терминалҳои пардохтиро дар муассисаҳои савдою хизматрасонӣ зиёд намуда истодаанд. Дастгирии аҳолӣ ҳангоми харидорӣ намудани молу хизматрасониҳо, ки барои пардохт кортҳои пардохтии бонкиро пешниҳод менамоянд, зарур мебошад, зеро муассисаҳои савдо барои насби чунин таҷҳизотҳо ҳавасманд мегарданд.Дар оянда чӣ нақшаҳо доред?- Аз соли 2012 дар кишвар Низоми пардохти “Корти миллӣ” ба фаъолият шуруъ намуд. Иштирокдорони ин низом дар айни замон 13 ташкилоти қарзӣ буда аз онҳо 7 ташкилоти қарзӣ кортҳои пардохтии “Корти миллӣ”-ро барориш ва хизматрасонӣ менамоянд. Дар айни замон лоиҳаҳои калонтарини давлатӣ (нафақавӣ, маош ва дигарҳо) дар асоси кортҳои “Корти миллӣ” амалӣ мегарданд. Ба санаи 1 апрели 2014 шумораи кортҳои баровардашудаи «Корти миллӣ” ба 395 ҳазору 37 адад расид. Маркази протсессингии миллӣ созмон дода шуд, ки бомуваффақият фаъолият намуда, ба низоми пардохти мазкур хизматрасонӣ менамояд. Дар оянда пайваст намудани ҳамаи ташкилотҳои қарзӣ ба низоми пардохти “Корти миллӣ” инчунин рушди лоиҳаҳои муштарак бо низомҳои пардохти байналмилалӣ ва дигар низомҳои миллӣ ба нақша гирифта шудааст.