Иштироки 50 кишвар дар чемпионати ITF дар Тоҷикистон

Июль 1, 2014 09:06

Душанбе, 1.07.2014. (АМИТ “Ховар”, Зарангези Латиф.- Ноиби раиси Федератсияи миллии таэквондо ва кикбоксинг Наргис Набиева зимни нишасти хабарӣ бо рӯзноманигрон 28 июн иброз намуд, ки тибқи маълумоти пешакӣ ва дархостҳои пешниҳодгардида дар чемпионати наврасон оид ба таэквондо (ITF) иштироки зиёда аз 600 варзишгар аз 50 кишвари ҷаҳон дар назар аст. То имрўз аз 38 кишвар дархости расмӣ ворид гардид. Мутобиқи тартиби баргузории чемпионат мўҳлати охирони пешниҳоди дархостҳо 1-уми июли соли 2014 муқаррар гардидааст. Барои таъмин ва хизматрасонӣ ба ҳайати иштирокчиён ва меҳмонони чемпионат бо роҳбарии ноиби раиси Федератсия гурӯҳи махсуси ихтиёриён аз ҳисоби донишҷўёни фаъоли Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия, ки забони хориҷӣ медонанд, таъсис дода шуд. Илова ба ин, Наргис Набиева қайд намуд, ки бо назардошти таҷрибаи баргузории мусобиқаҳои байналмилалӣ ва ба талаботу меъёрҳои муосир ҷавобгў будани иншоот барои баргузории Чемпионати ҷаҳон Маҷмааи варзишии Кумитаи андоз интихоб гардид. Дар асоси тавсия ва дархости Кумитаи тадорукот аз ҷониби роҳбарияти Кумитаи андоз дар бинои маҷмааи варзишӣ айни замон корҳои таъмиру таҷдидӣ рафта истодааст. Инчунин, барои таъмини ҳавои мўътадил ва тоза дар толори маҷмааи варзишӣ корҳои таъмирӣ, насб ва таъмири таҷҳизоти дахлдор дар муҳлати муқаррар гардида анҷом дода мешаванд.Сармураббии дастаи мунтахаби наврасони ҷумҳурӣ оид ба таэквондо Фурқат Урунов зикр намуд, ки барои дар сатҳи баланд муаррифӣ намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин мусобиқаи бонуфузи байналмилалӣ дастаи мунтахаб иборат аз 43 нафар, аз ҷумла 23 нафар писарон ва 20 нафар духтарон интихоб гардиданд. Ҳайати дастаи мунтахаб дар заминаи як қатор мусобиқаҳои сатҳи гуногун, аз қабили Чемпионати Осиё, Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мусобиқаи интихобии Федератсияи миллии таэквондо ва кикбоксинг ташкил дода шудааст.

Июль 1, 2014 09:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд