Созишнома дар бораи сохта ва ба истифода додани корхонаи коркарди нафт

Июль 21, 2014 09:21

Душанбе, 21.07.2014. (АМИТ «Ховар»,Фарзона Достонзода).- Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ККН-Регар» дар бораи сохтмон ва ба истифода додани корхонаи коркарди нафт дар минтақаи саноатии шаҳри Турсунзода» 17 июл дар Душанбе баргузор гардид.Тавре, ки ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ иттилоъ доданд, Созишномаи мазкурро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим ва аз номи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ККН-Регар», ки директори он Зувайдов Юсуф мебошад ба тасвиб расониданд.Тибқи лоиҳаи Созишномаи сармоягузории мазкур ҶДММ «ККН-Регар» ба нақша гирифтааст, ки дар яке аз китъаҳои замини саноатии шаҳри Турсунзода, корхонаи коркарди нафтро бунёд намояд. Бо татбиқи лоиҳаи сармоягузории мазкур Ҷамъият истеҳсоли маҳсулоти баландсифати нафтии бензини АИ -92, 95, сўзишвории дизелӣ, Л-0.2-62 (ЕВРО-4) ва мазутро ба роҳ мемонад.Дар марҳилаи аввали татбиқи лоиҳа иқтидори истеҳсолии корхонаи бунёдшаванда коркарди 150 ҳазор тонна нафтро дар бар гирифта, дар марҳилаи дуюм истеҳсолоти коркарди нафт ба 300 ҳазор тонна расонида хоҳад шуд. Дар ду соли аввали баъди мавриди истифода қарор додани корхона, бо назардошти зерсохторҳо, нуқтаҳои фурўши сузишворӣ тақрибан 150 ҷойи кории доимӣ ташкил мегардад. Марҳилаи дуюм афзоиши иқтидори истеҳсолии корхона то 300 000 тонна/сол ва ташкили ҷойҳои кории доимӣ то 220 нафар коргар мерасад.Ҳаҷми умумии сармоягузории лоиҳа 21 млн. долл. ИМА-ро ташкил хоҳад дод.Бояд қард кард, ки маҳсулоти нафтии корхонаи мазкур ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи кишвар ба фуруш бароварда мешавад. Ин ҳолат барои афзун гардонидани иқтидори содиротии мамлакат мусоидат менамояд.

Июль 21, 2014 09:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст