Суғд: 247 муроҷиат тавассути «Телефони боварӣ»
Хуҷанд. (АМИТ “Ховар” Абдуаҳад Шарифзода).-Шурӯъ аз моҳи маи соли 2012 дар назди ВКД ҶТ дар Суғд телефони боварӣ амал мекунад, ки сол аз сол теъдоди шумораи муроҷиаткунандагон тариқи ин алоқа меафзояд. Тавре ба хабарнигори мо роҳбари маркази матбуоти Раёсати мазкур дар Суғд Акбар Шарипов иттилоъ дод, агар дар тӯли соли 2012 тавассути «Телефонии боварӣ»-и Раёсати Вазорати корҳои дохилаи ҶТ дар вилояти Суғд танҳо 159 нафар ва тӯли соли 2013 520 нафар шаҳрвандон ба арзу дархостҳои гуногун муроҷиат карда бошанд, пас ин рақам танҳо дар 6 моҳи соли 2014 ба 247 адад расидаст. Аз ин шумора; 121 мурочиатхо вобаста ба фаъолияти кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, 30 муроҷиатҳо вобаста ба фаъолияти кормандони Хадамоти шиносномавӣ ва бақайдгирӣ; 38 муроҷиатҳо вобаста ба фаъолияти кормандони бозрасии давлатии автомобилӣ; 51 оиди содир намудани ҷиноят аз ҷониби шаҳрвандон; 44 оиди содир намудани ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ аз ҷониби шахрвандон; 20 арзу сипосу миннатдори нисбат ба фаъолияти кормандони макомоти милитсия ва ғ қабул шуданд. Бояд гуфт, ки пас аз қабул ва мавриди баррасӣ қарор додани ин муроҷиатҳо, ба муроҷиаткунандагон оид ба натиҷаи он ҷавобҳои хаттӣ ирсол карда шуданд.








Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик






