З. Азиззода: «Кам будани маош ба ҳеҷ кас ҳуқуқ надодааст, ки даст ба ҷиноят занад»
Душанбе, 7.07.2014.(АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Тибқи маълумоти Шӯрои адлия дар нимсолаи якуми соли 2014 барои ришваситонӣ нисбат ба ду нафар судя ҳукми айбдоркунанда бароварда шуда, як судяи дигар дастгир гардида тафтишот идома дорад. Дар нишасти матбуотӣ, ки имрӯз дар ин ниҳод доир гардид, дар хусуси ба коррупсия роҳ додани судяҳо раиси Шӯрои адлия Зафар Азиззода изҳори нигаронӣ карда, иброз намуд, ки: «ин як масъалаи нанговар аст. Мо ин масъаларо мунтазам мавриди таҳлил қарор додаем ва таъкидҳои доимӣ низ мекунем. Мо ба шаҳрвандон имконият додаем, ки дар ҳолати ҷой доштани чунин ҳолатҳо ба мо маълумот пешниҳод намоянд, то ки он сари вақт пешгирӣ карда шавад. Агар мо ба шароити иқтисодиёти имрӯзаи Тоҷикистон нигоҳ накарда, даст ба коррупсия занем, ояндаи кишвари моро чӣ интизор мешавад? Давлатҳои муқтадири ҷаҳон, ки имрӯз дар сатҳи ҷаҳонӣ пешсафанд, замоне дар ҳолати имрӯзаи Тоҷикистон қарор доштанд. Он замон судяҳои ин давлатҳо 50 доллари ИМА маош мегирифтанд, вале баробари тараққиёти иқтисодиёташон имрӯз музди маошашон аз 10 ҳазор доллар ба 14 ҳазор доллари ИМА расидааст. Аз ҳамин лиҳоз бояд судяҳои мо ба шароити имрӯзаи Тоҷикистон нигоҳ карда, фаъолият намоянд. Кам будани музди меҳнат ба ҳеҷ кас ҳуқуқ надодааст, ки даст ба ҷиноят занад. Ин вобаста ба сатҳи маънавиёти шахс аст. Судяҳои даст ба ҷиноятзада синну соли гуногун дошта, дар ҳама маврид, дар ҳама ҳолат нисбат ба онҳо чораандешӣ мешавад».Тибқи иттилои раиси Шӯрои адлия имрӯз музди маоши судяҳо нисбат ба музди маоши кормандони тиб ва маориф зиёд аст ва ҳукумати кишвар мунтазам ба кормандони мақомоти судӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






