Зиёда аз 2 миллион сомонӣ андоз ба буҷаи давлат

Июль 8, 2014 14:26

Душанбе, 08.07.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Саридораи геология дар шаш моҳи соли 2014 аз ҳисоби буҷети давлатӣ аз рӯи 31 лоиҳа ба маблағи зиёда аз 3 миллион сомонӣ ва корҳои шартномавиро аз рӯи 110 лоиҳа дар ҳаҷми 5 миллиону 376 ҳазору 493 сомонӣ ба анҷом расонидааст,-гуфт зимни нишасти матбуотӣ сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мурод Хол. Саридора ба буҷаи давлат 2 миллиону 343 ҳазору 91 сомонӣ андоз супоридааст, ки ин 113 фоизи маблағи аз буҷаи давлатӣ барои иҷрои корҳои иктишофию геологӣ ҷудошударо ташкил медиҳад.Мурод Хол зикр намуд, ки дар давраи ҳисоботӣ Саридораи геология ба комиссия оид ба гузаронидани экспертизаи ҳатмии андоз дар назди Вазорати молия 75 лоиҳаи қарордод барои муайян намудани бонуси обунавӣ, бонуси кашфи тиҷоратӣ ва роялтӣ ирсол намуд, ки айни замон 33 лоиҳаи қарордод дар баррасии комиссияи мазкур ва дар шаш моҳи соли ҷорӣ бо 42 ширкат қарордод баста шудааст. Инчунин дар нишасти матбуотӣ гуфта шуд, ки дар ин давра Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамдигарфаҳмӣ байни Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати саноати маъдани Афғонистон доир ба ҳамкории илмӣ-техникӣ ва Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамдигарфаҳми байни Хадамоти давлатии геологӣ ва қаъри замини Украина таҳия гашта, дар баррасии вазорату идораҳои дахлдор қарор доранд.

Июль 8, 2014 14:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст