Ҷ. Абдураҳимов: «Меҳмонхонаҳо барои қабули иштирокчиёни СҲШ омодаанд»
Душанбе, 28.08.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- «Дар айни замон 12 меҳмонхонаи давлатию ғайридавлатӣ, аз қабили меҳмонхонаи «Авесто», «Тоҷикистон», «Hyatt Regency», «Сирена», «Азия Гранд», «Вефа Центр» ва дигарон барои қабули меҳмонони ҳамоиши Созмони Ҳамкории Шанхай, ки 11-12 сентябр дар шаҳри Душанбе доир мегардад, пурра омода мебошад. Инчунин комиссияи тадорукот меҳмонхонаи «Шератон»-ро барои эҳтиёт низ ба назар гирифтааст»,- гуфт Ҷӯрахон Абдураҳимов, муовини сардори Хадамоти назорати давлатии беҳдоштию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ.
Бино ба иттилои манбаъ, хадамот инчунин мавзеъҳои баргузории ин ҳамоишро таҳти назорат гирифта, тоза нигоҳ доштани атрофи меҳмонхонаю маҷмааҳо, бо ашёҳои зарурӣ таъмин намудани ҳуҷраҳои хоб, аз ҷиҳати беҳдошт ҷавобгӯ будани ҷойҳои хобро таъмин менамояд. Аз ҷумла, хадамот ҳолати беҳдошт ва омодабошии Кохи «Ваҳдат», Кохи Борбад, Бӯстонсарои ҳукуматӣ ва дигар маҷмааҳоро мавриди омӯзиш қарор додааст.
«Дар ҳамаи нуқтаҳои обтаъминкунии меҳмонхонаҳо ва ҷойҳои баргузории ин маъракаи сиёсӣ таҳлил ва озмоиши бактериологӣ гузаронида шуда, ҳамаи онҳо барои истифода омода мебошанд. Ҳамаи иншоотҳо то оғози ҷаласа ва дар рӯзҳои баргузорӣ доимо таҳти назорати хадамот қарор хоҳанд гирифт»,-афзуд Ҷ. Абдураҳимов.
Бар замми ин мутахассисони хадамот ҳамаи нуқтаҳо ва марказҳои фурӯши хӯроки умумии Душанберо аз санҷиши санитарӣ гузаронида, барои озмоиши бактериологӣ аз ин нуқтаҳо намунаҳо гирифтаанд. Ин нуқтаҳо ҳам зери назорати қатъии мутахассисони ин хадамот қарор доранд.
Рӯзҳои баргузории ҷаласа дар ҳамаи иншооти вобаста ба ҷаласаи СҲШ шахсони муттасаддии хадамот вобаста мешаванд.
«Ҳамаи иншоотҳо аз аввали сол таҳти назорати доимӣ буда, ҳангоми ошкор шудани ягон камбудӣ мо тадбирҳои зарурӣ меандешем ва ҳангоми пеш омадани камбудии ҷиддӣ мо ҳатто фаъолияти ин иншоотро манъ мекунем»,- хабар дод сарчашма.
Аз ҷумла, дар ноҳияи Варзоб бӯстонсарои «Пуғуз» аз назорати беҳдоштию эпидемиологӣ гузаштааст. Тибқи протокол оби чашмаи «Сиёма» низ таҳти назорати санитарӣ қарор дошта, оби он низ аз ташхиси бактериологӣ гузаштааст.
Чойхонаи тозабунёди «Тахти Наврӯз», ки дар арафаи ҷашни Истиқлолият кушода мешавад, низ аз назари мутахассисони ин хадамот гузаронида шудааст.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






