Барқияи табрикии Эмомалӣ Раҳмон ба Пранаб Мукерҷӣ

Август 15, 2014 10:46

Душанбе, 15.08.2014 (АМИТ «Ховар»).- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Пранаб Мукерҷӣ барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла чунин омадааст:«Ҷаноби Олӣ,Сарфарозам, то Ҷаноби Олӣ ва мардуми дӯсти Ҳиндустонро бо ҷашни миллӣ – солгарди истиқлолияти Ҷумҳурии Ҳиндустон табрик ва таҳният намоям.Комёбиҳои назарраси кишвари Шумо дар таъмини рушди босуръати иқтисодӣ боиси хурсандии дӯстони самимии Ҳиндустон ҳастанд ва Тоҷикистон аз ҷумлаи онҳост.Ҷумҳурии Тоҷикистон ба робитаҳои мустаҳкаму муассир бо Ҷумҳурии Ҳиндустон, ки бо он моро равобиту тамосҳои таърихӣ мепайванданд, манфиатдор аст.Ҳиндустон дӯсти боэътимод ва шарики муҳими мо дар минтақа мебошад, ки мо бо он муносиботи гунонгунҷанбаи мутақобилан судманд дорем. Мо ба сатҳи ин муносибатҳо баҳои баланд дода, ба рушду густариши минбаъдаи онҳо ҳавасманд ҳастем.Итминони комил дорам, ки дар оянда низ бо саъю талоши муштарак мо метавонем пайваста инкишофи равобити ҳасанаи ду кишвари дӯстро таъмин намоем, ки он бидуни шак, ба нафъи халқҳо ва кишварҳои мо, амният, субот ва пешрафти умумии минтақа мебошад.Ба ҷаноби Президент муваффақият ва пирӯзиҳои нав ба нав, ба мардуми дӯсти Ҳиндустон пешрафту шукуфоӣ орзумандам».

Август 15, 2014 10:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе