Барқияи табрикии Эмомалӣ Раҳмон ба Раисҷумҳури Афғонистон

Август 19, 2014 09:19

 
 Душанбе, 19.08.2014. (АМИТ «Ховар»). — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла омадааст:
«Ҷалолатмаоб,
Ниҳоят хушнуд ва масрурам, ки Шумо ва мардуми дӯсти Афғонистонро ба ифтихори ҷашни фархундаи миллӣ – 95-умин солгарди истирдоди истиқлоли давлатии Афғонистон – сидқан табрику таҳният намоям.
Халқҳо ва кишварҳои мо пайвандҳои амиқи таърихӣ ва таҷрибаи арзишманди ҳамёрӣ ва ҳусни ҳамсоягӣ доранд.
Мо қаноатмандем, ки тайи солҳои охир дар рушд ва таҳкими равобит ва ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, маорифу фарҳанг ва амниятиву низомӣ ва дар маҷмӯъ дар тақвияти дӯстии Тоҷикистону Афғонистон муваффақиятҳои бузург ба даст овардем.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдори густариш ва тавсеаи ин равобити дӯстона ва ҳамкории мутақобилан судманди ду кишвари бародар мебошад ва ҷиҳати такони тоза бахшидан ба ин раванд тамоми кӯшишҳои заруриро ба харҷ хоҳад дод.
Бо истифода аз ин фурсат изҳори итминон мекунам, ки Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар ин марҳилаи тақдирсоз ба туфайли хирад ва талошҳои пайгиронаи роҳбарияти худ бо сарбаландӣ муваффақ хоҳад шуд, то аз имтиҳонҳои кунунӣ бо ҳамбастагию оромиш ва ваҳдати беш аз пеш берун ояд.
Дар ин рӯзи саид ба Ҷалолатмаоб, сиҳатии комилу саодат, ва ба мардуми дӯсти Афғонистон, субот, ваҳдати миллӣ, хушрӯзӣ ва пешрафти ҳамагонӣ орзумандам».
 

Август 19, 2014 09:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад