Баргузории “Иди харбуза ва асал” дар Хуҷанд

Август 22, 2014 14:41

Хуҷанд, 22.08.2014. (АМИТ “Ховар”,  Абдуаҳад Шарифзода).-Зимни  боздид  аз вилояти Суғд ва  шиносоии бевосита бо вазъи зиндагии мардум ва ҷараёни корҳои созандагию бунёдкорӣ дар вилоят, дар назар аст субҳи рӯзи шанбе, 23 август Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии идонаи «Сайри харбуза», «Иди асал» ва намоиш — фурӯши маҳсулоти кишоварзие, ки дар маркази вилоят, шаҳри Хуҷанд  баргузор   мегардад, иштирок намояд.  
Мувофиқ ба маълумоти масъулин, дар чорабинии идонаи «Сайри харбуза»  имсол кишоварзони 10 шаҳру ноҳияҳои вилоят, дар «Иди асал» — намояндагони Ассотсиатсияҳои занбӯрпарварони вилоят ва дар намоиш — фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ 12 шаҳру ноҳия бо дастовардҳои худ иштирок  хоҳанд кард. 
   Аз ҷумла, дар «Сайри харбуза» зиёда аз  20 навъи харбуза, 5 навъи тарбуз ва 8 навъи каду бо ҳаҷми умумии 90 тонна пешниҳод мегардад.
    Дар доираи баргузории «Сайри харбуза» озмун  ва мусобиқаҳо тибқи шартҳои Кумитаи тадорукот гузаронида мешаванд.
    Дар ҷойи баргузории «Сайри харбуза»  пирамида, хаймаҳо, чайла, кати миллӣ барои собиқадорон, нуқтаҳои намоиши харбузабурӣ, маҳсулоти аз харбуза коркардшуда гузошта мешаванд.
    Дар «Иди асал» 15 тонна маҳсулоти соҳа (навъҳои гуногуни асал, прополис ва дигарҳо) бо банду баст тибқи талаботи меъёрҳои тасдиқгардида пешниҳод мегардад.
   Дар ҷойи баргузории «Иди асал» хаймаҳо, нуқтаҳои гирифтани асал, ташкили корҳои мубориза бар зидди касалиҳои занбӯри асал гузошта мешаванд.
   Дар намоиш-фурӯши маҳсулот ҳамаи соҳаҳои кишоварзии 12 шаҳру ноҳияҳои вилоят, Иттифоқи матлуботи вилоят, Иттиҳодияи «Хӯрокворӣ»-и вилоят ва соҳибкорони шаҳри Хуҷанд иштирок мекунанд.
   Ба намоиш-фурӯши маҳсулот пешниҳоди на кам аз 270 тонна маҳсулот бо  зиёда аз 50 номгӯй дар назар аст.
   Дар ҷараёни намоиш-фурӯш тайёр намудани таомҳои миллӣ барои иштирокчиён пешбинӣ гардидааст.
   Дар доираи чорабиниҳо намоиши фарҳангӣ аз тарафи устодони санъати вилоят ташкил мешавад.
    Кумитаи тадорукот ташкил ва гузаронидани чорабиниро таъмин намуда, ҷамъбасти озмуну мусобиқаҳоро ба роҳ мемонад. 
   Баъди ҷамъбасти чорабиниҳо  ғолибон бо туҳфаҳо сарфароз гардонида мешаванд.
Дар ин бора аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Август 22, 2014 14:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст