Чойхонаи “Роҳат” дар Ню-Йорк
ИМА, 28.08.2014. (АМИТ «Ховар», Маҳмадулло Пириев).-Дар шаҳри Бруклини иёлати Ню-Йорки Амрико аз ҷониби бародарон чойхонаи “Роҳат” кушода шудааст, ки ҳамарӯза тоҷикони муқими Амрико барои наҳорӣ, хӯроки нисфирӯзӣ ва хӯроки шомгоҳӣ ба ин чойхона мераванд.
Дар чойхонаи мазкур тамоми хӯрокҳои миллии тоҷикӣ, аз қабили ош, манту, самбӯса, шӯрбо, лағмон, шакароб, қурутоб омода карда шуда, пешкаши мизоҷон мегардад.
Бобоҷон, тоҷики муқимие, ки солҳост дар Амрико кор ва зиндагӣ дорад ва инчунин сарварии ин тарабхонаро бар дӯш дорад, мегӯяд: «Дар чойхонаи мо тамоми хӯрокҳои миллӣ, инчунин ғизоҳои мавсимие, ки дар Тоҷикистон хеле маъмул ҳастанд, барои мизоҷон пайваста омода мешаванд».
Бино ба гуфтаи мавсуф, феълан, ки фасли тобистон аст, дар чойхона барои мизоҷон шакароб, хӯришҳои гуногуни хоси миллати тоҷик омода мешаванд.
Файзалӣ-тоҷики муқими Амрико, ки шаш сол ҳаст дар шаҳри Бруклини иёлати Ню-Йорк зиндагӣ мекунад, мегӯяд, дар ин солҳо хӯрокҳои Тоҷикистонро хеле пазмон мешуданд ва акнун, ки чойхонаи “Роҳат” кушода шудааст, аз хӯрокҳои Ватан баҳраманданд.
“Мо дар ин муддат ҳар гоҳ ки хӯрокҳои Тоҷикистонро пазмон мешудем, бо бачаҳои тоҷик ҷамъ омада, худамон онро омода мекардем. Хушҳол аз онем, ки се бародари тоҷики муқими Амрико ин тасмимро гирифтанд. Ба ин восита онҳо ҳам хӯрокҳои миллиамонро барои дигар миллатҳо муаррифӣ мекунанд ва ҳам тоҷикони дар инҷо буда аз хӯрокҳои ватанӣ баҳраманд мешаванд ”,- афзуд Файзалӣ.
Чойхонаи “Роҳат” аз ду ошёна иборат буда, зиёда аз 100 ҷои нишаст дорад. Чойхонаи мазкур, ки фаъолияти хешро нав ба роҳ мондааст, дар як муддати кӯтоҳ тавонист мизоҷони зиёд пайдо кунад. Ҳамарӯза ба ин чойхона беш аз садҳо мизоҷони на танҳо тоҷик, балки шаҳрвандони дигаре, ки дар ин иёлати Амрико муқимианд, меоянд.








Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик






