Эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ дар Суғд

Август 21, 2014 09:36

Хуҷанд, 21.08.2014. (АМИТ Ховар , Абдуаҳад  Дадобоев).-Зимни сафари кории Президенти мамлакат ба шимоли кишвар, имрӯз дар маркази Суғд- шаҳри Хуҷанд низ чанд иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт.   Аз ҷумла, бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Маркази таълимӣ-истеҳсолии адрасбофии дастӣ ва истеҳсоли нахи абрешимӣ дар КМ «ВТ-Силк» ба кор дароварда хоҳад шуд.  
Бояд гуфт, ки корхонаи ҶДММ КМ «ВТ-силк»-и шаҳри Хуҷанд яке аз коргоҳҳои калони истеҳсоли абрешим ба ҳисоб рафта, он моҳи июни соли 1999 дар заминаи ҷамъияти саҳомии «Абрешим» таъсис дода шудааст. Саҳми муассисони корхонаи мазкур, аз тарафи хориҷиён — Корпоратсияи «Азия Силк» (Ҷумҳурии Ветнам 60%) ва ҶС «Абрешим» (Тоҷикистон 40%)- ро дар бар мегирад. 
   Иқтидори лоиҳавии коркарди пиллаи хушк дар коргоҳи мазкур дар як сол 500 тоннаро дар бар мегирад. 
   Соли равон дар вилоят 750 тонна пилла истеҳсол гардид, ки  дар айни ҳол аз ин миқдор 236,1 тоннааш ба КМ «ВТ-силк» супорида шудааст.   Бо ҷорӣ гардидани боҷи гумрукӣ, дар мавриди содироти пиллаи коркарднашуда дар асоси супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тамоми пиллаи дар вилоят истеҳсолшуда дар КМ «ВТ-силк» коркард мешавад. Яъне, баъд аз бозистӣ ва фаъолияти ниҳоят ками корхона дар муддати солҳои тӯлонӣ, корхона имсол ба фаъолияти пурра шурӯъ намуд. Дар корхона ҳоло 180 нафар зан ба кор машғул буда, маоши миёнаи кормандон 900 сомониро ташкил менамояд. 
     Аз моҳи июли соли ҷорӣ, дар корхона истеҳсоли нахи абрешим оғоз гардида, то 1 августи соли ҷорӣ 2920 кг абрешим истеҳсол шуд. Тибқи мувофиқа, қисман абрешими истеҳсолшуда ба корхонаи ҶДММ «Атласи Хуҷанд» ва қисми дигараш ба коргоҳи навтаъсиси адрасбофӣ дода мешавад. Ин тадбирҳо барои истеҳсоли атласи тоҷикӣ, ки рамзи миллии мост, замина гузошта, ҳамзамон барои бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардидани занон мусоидат менамояд.    
    Бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Сарвари давлат, ҷиҳати эҳё намудани меҳнати хонагии занону духтарон, ҳунарҳои миллии  дастӣ, бо ҷойи кор таъмин намудани занону духтарон, кам намудани сафи занони муҳоҷир, дарёфти корҳои баландмузд барои занони ҳунарманд ва хонашин дар назди ҶДММ КМ «ВТ-силк»-и шаҳри Хуҷанд Маркази таълимӣистеҳсолии ҳунари халқии адрасбофии дастӣ бо 15 адад дастгоҳи дастӣ ташкил шудааст.
     Барои бо сифати баланд истеҳсол намудан ва минбаъд ба аҳолӣ ва хориҷи кишвар содирот намудани адраси дастибоф  4 нафар мутахассис аз ноҳияи Рӯдакӣ даъват шуда, ба муҳлати 2 моҳ ба занону духтарони вилоят касби адрасбофии дастиро меомӯзонанд. Баъди 2 моҳи омӯзиш ва супоридани имтиҳон ба хатмкунандагон шаҳодатнома дода мешавад. Марҳила ба марҳила ин намуди ҳунари мардумӣ дар ноҳияҳо, ҷамоатҳо ва хонаҳо ташкил карда хоҳад шуд.
     Баҳри рушди ҳунарҳои қолинбофӣ, сӯзанидӯзӣ, адрасбофӣ ва ҳавасманд гардонидани бонувони ҳунарманд аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Грант ба маблағи 200 ҳазор сомонӣ ҷудо шуда, 3 нафар бонуи ҳунарманди вилоят бо пешниҳоди лоиҳаи худ оид ба таъсиси коргоҳи адрасбофӣ сазовори гранти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба маблағи ҳар кадоме 10 ҳазор сомонӣ гашт.
     Ҳамчунин барои рушди минбаъдаи ҳунарҳои мардумӣ ва эҳёи меҳнати хонагӣ тибқи қарори раиси вилоят озмуни «Меҳнати хонагии занону духтаронро эҳё менамоем» эълон шуда, барои қадршиносии ғолибон аз буҷаи вилоят  70 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо шудааст.
Дар ин бора аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд.
 

Август 21, 2014 09:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик