Фаъол гардидани коргоҳи замонавии истеҳсоли оҳану бетон
Хуҷанд, 21.08.2014. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Дадобоев).-Иншооти навбатие, ки дар Хуҷанд мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт, ин коргоҳи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «НАНО-ТЕХ-М» аст, ки дар маҳаллаи 17-уми шаҳр дар масоҳати умумии 1 гектар ҷойгир аст.
Муассиси корхона шаҳрванд Шавкат Аюбов мебошад.
ҶДММ «НАНО-ТЕХ-М» фаъолияти худро аз моҳи феврали соли 2014 оғоз намудааст. Самтҳои асосии фаъолияти корхона аз истеҳсоли маҳсулоти оҳану бетонӣ; истеҳсоли дару тирезаҳои пластикӣ; ташхиси лаборатории масолеҳи сохтмонӣ; хизматрасонӣ бо мошинҳои махсус дар самти дастрасии маҳсулоти истеҳсолшуда то фармоишгар иборат аст.
Дар корхона истеҳсоли маҳсулоти оҳану бетонии тамғаҳои 100; 200; 300; 400 ва 500 дар ҳаҷми 720 м3 дар як шабонарӯз; истеҳсоли экоблок бо андозаи 11,5х25х22 (бо истифода аз семент ва гил) дар ҳаҷми 1800 дона дар як шабонарӯз; истеҳсоли хишти блок бо андозаи 20х40х20 (бо истифода аз семент ва регмайда); истеҳсоли изоблок дар ҳаҷми 1800 дона дар як шабонарӯз; истеҳсоли изобетон (бетони изолятсионӣ барои болопӯши бомҳо аз рӯи технологияи турки, ки пас аз истифодаи он шиферпӯш ё бо дигар намуди маҳсулот рӯйпӯш намудани бом зарурат намемонад); истеҳсоли плитаҳои болопӯши иморатҳо (андоза аз рӯи дархости мизоҷон); борпеч кардани семент (халта кардан) дар ҳаҷми 40 тонна дар як шабонарӯз; ба андозаҳои гуногун майда кардани санг дар ҳаҷми 740 м2 дар як шабонарӯз; истеҳсоли дару тирезаҳои пластикӣ дар ҳаҷми 86 м2 дар як шабонарӯз бо андоза ва намудҳои гуногун, мувофиқи дархости фармоишгар; ташхисгоҳ бо таҷҳизоти замонавӣ барои санҷиши сифати маводи сохтмонӣ (семент, бетон, асфалт ва ғайраҳо); хизматрасонии техникӣ дар самти омода ва дастрас намудани бетон, семент, хиштҳо ва то баландии 40 метр интиқоли бетон роҳандозӣ шудааст.
Барои чунин хизматрасониҳо 11 адад техникаи замонавӣ, аз қабили нақлиёти бетонкашон, нақлиёти боркаш, нақлиёти махсуси сементкашон, нақлиёти махсус барои рехтани бетон дар баландии то 40 метр ва ғ. харид шудааст.
Дар айни замон дар корхона 28 нафар корманд бо музди маоши миёнаи 800 сомонӣ дар як моҳ фаъолият дорад. То ҷамъбасти фаъолияти 9 моҳаи соли ҷорӣ шумораи кормандон дар коргоҳ ба 100 нафар расонида мешавад.
Барои оғози фаъолияти корхона, харидории техникаву таҷҳизот ва корҳои сохтмонӣ аз ҷониби муассис зиёда аз 1 млн. 300 ҳазор доллари амрикоӣ маблағгузорӣ шудааст.
Барои кормандон дар ҳудуди корхона ошхонаи замонавӣ бо 100 ҷои нишаст сохта шуда, дар як баст як маротиба ба ҳамаи кормандон хӯроки ройгон дода мешавад.
Дар даромадгоҳи коргоҳ бинои сеқабатаи замонавӣ сохта шудааст, ки қабати аввал барои муҳандисону менеҷерон ва қабули дархостҳо;
қабати дуввум барои роҳбарият, муҳосибот ва хазинадорӣ пешбинӣ гардида, утоқҳои кории барҳаво бо тамоми шароитҳои корӣ муҷаҳҳазанд.
Дар саҳни ҳавлии коргоҳ маҳсулотҳои ҳамаи корхонаҳои истеҳсолкунандаи масолеҳи сохтмонии вилоят ба намоиш гузошта шудааст.
Дар ин бора аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд.