Густариши ҳамкориҳои ҳарбӣ бо ҶМЧ

Август 29, 2014 12:09

Душанбе, 29.08.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-  Дар  доираи густариши ҳамкориҳои ҳарбӣ ва дар асоси нақшаи баргузории чорабиниҳои кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай барои солҳои 2014 ва 2015, аз 11 то 30 августи соли 2014 дар ҳудуди Ҷумҳурии Мардумии Чин машқҳои муштараки низомии зиддитеррористӣ таҳти унвони «Рисолати сулҳҷӯёна-2014» идома доранд.
Дар баробари иштироки мақомоти идории ҳарбӣ ва ҷузъу томҳои гуногуни давлатҳои аъзо, аз Тоҷикистон гурӯҳҳои фаврӣ ва ҷузъу томҳои таъйиноти махсуси Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин машқҳои муштараки зиддитерористӣ ширкат меварзанд, ки ҳайати шахсии он беш аз 280 нафарро ташкил медиҳад.
Ҳамзамон 28 августи соли ҷорӣ дар шаҳри Пекин ҷаласаи сардорони ситодҳои генералии Қувваҳои Мусаллаҳи кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай бо ҳамраисии Тоҷикистону Чин доир мегардад.
29 августи соли ҷорӣ иштироки сардорони ситодҳои генералии Қувваҳои Мусаллаҳи давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай дар марҳилаи ниҳоии машқҳои муштараки низомӣ дар назар аст. Ҳамчунин бори аввал Фестивали ҳарбии оркестрҳои ҳарбӣ-нафасии вазоратҳои мудофиаи давлатҳои аъзои созмони мазкур баргузор мегардад, ки дар он 56 нафар навозандаи оркестри ҳарбӣ-нафасии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат мекунад. 
Ҳайати шахсии ҷузъу томҳои Тоҷикистонро дар ин машқҳои васеи низомии «Рисолати сулҳҷӯёна-2014» муовини аввали сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майор Тоҳир Хайруллоев роҳбарӣ мекунад.
Қобили зикр аст, ки ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникии вазоратҳои мудофиаи Тоҷикистону Чин ба ҳайси як кишвари дӯсту ҳамсоя, аз соли 1994 маншаъ гирифта, рушди он асосан дар доираи ҳамкориҳои дуҷонибаву бисёрҷониба, аз ҷумла омодакунии кадрҳои ҳарбӣ, баланд бардоштани омодагии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳи миллии ҳарду кишвар, табодули иттилооту таҷрибаомузӣ, таъмини бехатарӣ дар минтақа, муборизаи муштараки зиддитеррористӣ ва ба роҳ мондани машқҳои муштараки пайвастаи низомӣ амалӣ мешаванд.
Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ иттилоъ доданд. 
 

Август 29, 2014 12:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар пиряхҳои Помири Шарқӣ ва Марказӣ таҳқиқоти илмӣ-саҳроӣ гузаронида шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
«АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ доир ба корнамоиҳои беназири Президенти Тоҷикистон ба нашр расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Доир ба мактаби сиёсию давлатдории Пешвои миллат китоб ба нашр расид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Бо донишҷӯёни ғолиби Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» вохӯрӣ доир гардид
Сокинони ноҳияи Рашт туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и безаволро дастрас намуданд
Толорҳои алоқа дар Тоҷикистон бештар мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Панҷакент оид ба омодагии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ машварат баргузор шуд
ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ. Дар Истаравшан намоиш-фурӯши либосҳои мактабӣ ташкил гардид