«Иди асал ва харбуза- 2014» дар бозорҳои пойтахт
Душанбе, 27.08.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- 30-юми августи соли ҷорӣ дар бозорҳои «Саховат», «Қарияи боло», «Шоҳмансур» ва «Деҳқон»-и пойтахт ярмарка-фурӯши ҷумҳуриявии «Иди асал ва харбуза 2014» баргузор мегардад. Ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати кишоварзӣ дар бозори «Шоҳмансур» кишоварзон ва занбӯриасалпарварони вилояти Суғд, дар бозори «Саховат» асалпарварони вилояти Хатлон, дар бозори «Қарияи боло» асалпарварони ВМКБ ва шаҳру ноҳияҳои Файзобод, Роғун, Нуробод, Рашт, Тоҷикобод, Тавилдара ва Тоҷикобод ва дар бозори «Деҳқон» кишоварзон ва асалпарварони шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Рӯдакӣ, Варзоб, Ҳисор, Шаҳринав ва Турсунзода маҳсулоти аз асал омодашуда ва харбузаҳои гуногунранги хушлаззатро ба намоиш ва фурӯш гузошта, пешкаши меҳмонону сокинони пойтахт мегардонанд. Беҳтарин занбӯриасалпарварон ва харбузапарварон бо туҳфаҳои Вазорати кишоварзӣ сарфароз гардонида мешаванд. Ёддовар мешавем, ки соли гузашта дар ин чорабинӣ асалпарварони ҷумҳурӣ зиёда аз 115 тонна асал ва зироаткорон зиёда аз 187 тонна навъҳои гуногуни харбузаи хуштамъу болаззатро пешкаши меҳмонон ва сокинони пойтахт гардониданд.Соли 2013 дар баробари асал ва харбуза, инчунин дигар маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳаҷми 230 тонна, аз ҷумла, тарбуз, картошка, пиёз, помидор, бодиринг, сабзӣ, каду, себ, нок, бойимҷон, шарбати мева, гӯшт ва тухм ба фурӯш гузошта шуд. Маҳсулоти мазкур нисбат ба нархҳои бозор ба андозаи 20-30 фоиз арзон ба фурӯш бароварда шуд.Мувофиқи маълумотҳои оморӣ то 1.08.2014 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 867,7 тонна асал истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 96,7 тонна зиёд аст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст






