Ифтитоҳи шифохонаи муосири хусусӣ дар дараи Ромит

Август 28, 2014 10:25

 
Душанбе, 28.08.2014. (АМИТ «Ховар»). — Дар навбати дуюм Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба дараи зебоманзари Ромити шаҳри Ваҳдат ташриф оварда, нахуст дар деҳаи Тангаӣ шифохонаи хусусии Парасторро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.
Чунонки аён гардид, ин шифохонаи зебою муосир бо 100 кати хоб барои беморон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Акрам Холиқов сохта шудааст.
Бинои шифохона дуошёна буда, барои бунёдаш 11 500 000 сомонӣ масраф шудааст. Дар рафти корҳои сохтмони 200 нафар бо кор машғул буд. Баъди ба истифода додани иншооти мазкур наздики 100 нафар дар он бо кори доимӣ таъмин мешаванд.
Ҳоло ин шифохона дорои шуъбаҳои умумитиббӣ ва кӯдакона буда, барои хизматрасонии босифати тиббӣ ба наздики 80 ҳазор аҳолии 4 ҷамоати деҳоти воқеъ дар дараи зебои Ромит пешбинӣ шудааст. Соҳибкор Акрам Холиқов тасмим дорад, ки оянда дар паҳлӯи ин бино ҳамчунин як бинои сеошёнаи дигар барои шуъбаи муосири ҷарроҳӣ бунёд намояд. Бо маслиҳати Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон соҳибкор уҳдадор шуд, ки оянда то ба 50 нафар маъюбони ин минтақа ройгон хизмат расонанд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкор Акрам Холиқов барои ин иқдоми наку арзи сипос карда, ташаббуси ӯро намунаи ибрат номид.
Мардуми деҳоти атроф аз ин иқдоми ин соҳибкори маҳаллӣ басо шоду масрур шудаанд, зеро шифохонаи қаблии ин минтақа кайҳо кӯҳнаю фарсуда шуда будааст.
 

Август 28, 2014 10:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик