Касбомӯзии кӯтоҳмуддат дар 565 муассиса

Август 15, 2014 10:30

Душанбе, 15.08.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Имрўзҳо дар миқёси ҷумҳурӣ тибқи маълумоти оморӣ 82 маркази таҳсилоти иловагӣ ба қайд гирифта шуда, дар онҳо дар соли 2013 — 1347 маҳфил ва ба теъдоди 46155 нафар аъзои маҳфил фаъолият намуданд. Ба иттилои Вазорати маориф ва илми кишвар дар самти таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ низ корҳои муайян ба анҷом расиданд. Дар ҷумҳурӣ 63 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ, аз ҷумла, 56 литсейи касбии техникӣ, 7 литсейи касбии саноати кишоварзӣ ва инчунин 5 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ фаъолият дорад. Дар ҷумҳурӣ дар зинаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз рўи 106 ихтисос мутахассис омода мешавад. Ҳамзамон дар қаламрави ҷумҳурӣ бо мақсади соҳибкасб намудани шаҳрвандон 565 муассисаи таълимии давлатӣ ва хусусӣ ҷиҳати омода намудани касбҳои коргарӣ курсҳои кўтоҳмуддати таълимии 1, 2, 3 ва 6 — моҳа фаъолият менамоянд. Аз ҷумла, дар 117 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ аз ҳисоби гурўҳҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ касбҳои коргарӣ аз рўи 6 ихтисос, дар 60 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз рўи 34 ихтисос, дар 10 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ аз рўи 11 ихтисос, дар 13 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ (курсҳои кўтоҳмуддат) аз рўи 7 ихтисос, дар 291 муассисаи ғайридавлатӣ аз рўи 36 ихтисос ва дар 74 Маркази таълими калонсолон ва филиалу намояндагиҳои онҳо аз рўи 45 ихтисос мутахассис омода мешавад.

Август 15, 2014 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

SIM ё eSIM: чаро муштариён кортҳои электрониро интихоб мекунанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд