«Китобдор, китобхона ва китобхонаи шахсии сол»-озмун

Август 28, 2014 10:01

 
Душанбе, 28.08.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Бахшида ба «Рӯзи китоб», 23-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 20-солагии қабули Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон Китобхонаи давлатии патентию техникӣ озмуни ҷумҳуриявии «Китобдор, китобхона ва китобхонаи шахсии сол»-ро дар соли 2014 эълон намуд.
Тибқи иттилои Кумитаи тадорукоти озмун то санаи 30 июни соли 2014, 41 ариза ҷиҳати иштирок дар озмун аз рӯи номгӯи «Китобхонаи сол», 44 ариза аз рӯи номгӯи «Китобдори сол» ва 3 ариза аз рӯи номгӯи «Китобхонаи шахсии сол» ба қайд гирифта шуд.
Аз рӯи номгӯи «Китобхонаи сол» 2 китобхонаи сатҳи ҷумҳуриявӣ, 4 китобхонаи оммавии вилоятӣ, 1 китобхонаи бачагонаи вилоятӣ, 4 китобхонаи донишгоҳӣ, 7 китобхонаи шаҳрӣ ва 23 китобхонаи ноҳиявӣ ба қайд гирифта шуд.
Иштирокчиёни озмун ба воситаи овози гирифташуда (аз тариқи паёмакҳо), инчунин аз рӯи ҳуҷҷатҳои пешниҳодгардида баҳогузорӣ  шуданд.  Ба ғолибони озмун аз ҷониби Кумитаи тадорукот «Диплом», «Ифтихорнома», туҳфаҳои хотиравӣ ва ҷоизаи «Гран-при» супорида мешаванд. Натиҷаи озмун  4 сентябр дар «Рӯзи китоб» дар шаҳри Душанбе дар семинари ҷумҳуриявии соҳаи китобдорӣ эълон  мешавад.          Озмуни мазкур бори аввал дар ҷумҳурӣ ташкил шуда, мақсади он баланд бардоштани мақоми китоб, самаранокӣ ва сифати кори китобдор ва китобхона дар ҷомеа, ташвиқ ва тарғиби соҳаи китобдорӣ, муайян ва муаррифӣ намудани фаъолияти босамар дар байни китобхонаҳо ва кормандони он, ҳавасмандгардонии китобдорону китобхонаҳо ва ташвиқу тарғиби мутолиаи китоб дар байни аҳолии кишвар мебошад.
 
 

Август 28, 2014 10:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик