М. Ҷабборӣ: “Варзиш эҳтироми миллату давлат ва муносибатҳои хубу ҳамкориро ба миён меорад”
Душанбе, 08.08.2014 (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).- Чемпионати ҷахон оид ба таэквандо дар шаҳри Душанбе, ки 52 кишвари ҷаҳон дар он иштирок менамояд, расман бо иштироки масъулин, муовини сарвазир намояндагони Федератсияи миллии таэквандо ва кикбоксинги Тоҷикистон, Федератсияи байналмилалии таэквандо ва варзишгарон оғоз гардид.Муовини сарвазир Марҳабо Ҷабборӣ бо сухани хайрамақдам чорабинии мазкурро оғоз намуда, иброз дошт, варзиш аст, ки дӯстиву рафоқат, эҳтиром ба миллату давлат ва муносибатҳои хубу ҳамкорӣ миёни кишварҳо ба роҳ монда мешавад. “Варзишро кафили сулҳ меноманд, фикр мекунам ҳамин ваҳдату сулҳ аст, ки моро имрӯз бо ҳам овардааст”,гуфт Марҳабо Ҷабборӣ, муовини сарвазир ва раиси Кумитаи тадорукоти ташкил ва баргузор намудани Чемпионати ҷаҳон байни наврасон ва собиқадорон оид ба таэквандо (ITF) зимни ифтитоҳи расмии чорабинии мазкур ба иштирокчиён.Дар охир дигар иштирокчиён низ бо изҳори қаноатмандӣ аз чунин чорабинии сатҳи байналмилалӣ, ки бори аввал аст баргузор мешавад, суханронӣ ва барои варзишгарон муваффақиятҳо изҳор намуданд.Ёдрас мешавем, ки Чемпионати ҷаҳон байни наврасон ва собиқадорон оид ба таэквандо (ITF) бо иштироки зиёда аз 600 варзишгар аз 52 кишвари олам баргузор гардида, миёни ҳам барои 130 нишон қувваозмоӣ мекунанд. Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 43 варзишгар муаррифӣ мекунад, ки мунтахаби кишвар аллакай аз оғоз як нишон ба даст оварданд.








Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад






