ММТ: Ҷойҳои холӣ дар ихтисосҳо барои озмуни тақсимоти такрорӣ

Август 21, 2014 10:25

 
Душанбе, 21.08.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).-Маркази миллии тестӣ ба диққати довталабоне, ки холҳои гузариши фанниро аз ҳамаи субтестҳо ба даст овардаанду лекин тибқи озмуни тақсимот бинобар мувофиқат накардани баллҳо ба ихтисосҳои интихобкардаашон нагузаштаанд ва хоҳиши иштирок дар озмуни тақсимоти такрориро доранд, рӯйхати пешакии ҷойҳои холиро дар ихтисосҳо пешниҳод менамояд:
Гурӯҳи ихтисосҳо (кластер)-и 1 — “Табиӣ ва техникӣ”
Гурӯҳи ихтисосҳо (кластер)-и 2 — “Иқтисодӣ ва география”
Гурӯҳи ихтисосҳо (кластер)-и 3 — “Филология, педагогика ва санъат”
Гурӯҳи ихтисосҳо (кластер)-и 4 — “Ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ”
Гурӯҳи ихтисосҳо (кластер)-и 5 — “Тиббӣ, биологӣ ва варзиш”
Лозим ба ёдоварист, ки рӯйхатҳои пешниҳодгардида дар асоси натиҷаҳои тақсимоти асосӣ тартиб дода шудаанд. Рӯйхатҳои ниҳоии ҷойҳои холӣ дар ихтисосҳо баъд аз дастрас гардидани маълумот дар бораи довталабоне, ки аз ҷойҳои тақсимотшуда даст кашидаанд ва ё ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ ҳозир нашудаанд, 26 август пешниҳод карда мешавад.
Мавриди зикр аст, ки барои азнавбақайдгирӣ довталаб бояд ба яке аз нуқтаҳои азнавбақайдгирӣ ҳозир шуда, шиноснома, варақаи бақайдгирӣ (ё даъватнома) ва расидро оид ба пардохти маблағ пешниҳод намояд.
Довталабон метавонанд маблағи азнавбақайдгириро (14 сомонӣ) дар яке аз филиалҳои зерини Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” бо истифода аз расиди шакли № 31 пардохт намоянд:
1. Филиали № 5, шаҳри Душанбе, кӯчаи Ҳ. Шерозӣ 13.
2. Филиали № 23, шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Мавлонбеков 2.
3. Филиали № 43, шаҳри Қӯрғонтеппа, кӯчаи Б. Ғафуров 34.
4. Филиали № 56, шаҳри Кӯлоб, кӯчаи С. Сафаров 3.
5. Филиали № 66, шаҳри Хоруғ, кӯчаи Ленин 115.
 

Август 21, 2014 10:25

Хабарҳои дигари ин бахш

SIM ё eSIM: чаро муштариён кортҳои электрониро интихоб мекунанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд